Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФАРОВ Раҳмон

САФАРОВ Раҳмон

САФАРОВ Раҳмон (5. 8. 1930, деҳаи Шоҳраҷаби райони Балҷувон), нависандаи советии тоҷик. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1960. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. (1980). Дар омӯзишгоҳи педагогӣ (1946—1948) ва Институти муаллимии Кӯлоб (1948—1950) таҳсил ва дар райони Данғара муаллимӣ кардааст. Соли 1951 ба сафи Армияи Советӣ даъватшуд ва соли 1977 ба истеъфо баромад. Шӯъбаи ғоибонаи факултети таърихи Институти педагогии ба номи Тарас Григоревич Шевченкои Душанберо хатм намуд (1964). Пас аз хидмати ҳарбӣ солҳои 1978— 1979 дар Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1979 корманди Бюрои тарғиботу ташвиқоти адабиёти бадеии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти эҷодии Сафаров аз аввали солҳои 1970 шурӯъ шудааст. Ӯ корнамоиҳои фарзандони халқи тоҷик Сафар Амиршоев (повести ҳуҷҷатии «Сафар Амиршоев», 1973; песаи «Сафар Амиршоев», 1974), Домулло Азизов (повести «Фарзанди сарзамини ман», 1978, ба забони русӣ) ва Саидқул Турдиевро (повести «Қаҳрамони Вахш ва Днепр», 1981) дар асоси ҳуҷҷатҳо ба таври бадеӣ тасвир намудааст. Бо медал- ҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1978 узви Иттифоқи Нависандагони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик . Адабиёт: Н а з р и е в Р., Посдори хотираҳо, газетаи «Адабиёт ва санъат», 23 феврали, 1984; Писатели Таджикистана. Душанбе,1981.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …