Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФАРОВ Нурмат

САФАРОВ Нурмат

САФАРОВ Нурмат (таваллуд 1908, деҳаи Парчасои райони Ёвон, вилояти Қурғонтеппа), чорводор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1929 аз чӯпонӣ сар шудааст. Солҳои 1935—1948 сарчӯпон, 1948 —1953 мудири ферма, 1953—1971 сарчӯпони свохози «Ҳисор»-и райони Фархор. Аз соли 1971 на- фақахӯри шахсӣ. Сафаров дар инкишофи чорводорӣ саҳми босазо гузошт. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …