Маълумоти охирин

САФАРНОМА

САФАРНОМА – як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуpаштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба мавзӯи сафар асос ёфтаост. Сафарнома аз қадим баробари нақлу ривоятҳо вуҷуд дошт ва дар зимни онҳо эҷод мешуд.

dnevnik

Сафарномаи давраҳои атиқа, асри миёна ва Эҳё арзиши илмӣ, маърифатӣ ва бадеӣ дорад (асари «Таърих»-и Геродот, «География»-и Страбон, «Германия»-и Тасит, «Китоб»-и Марко Поло, асарҳои Чжан Сяи, Ибни Маҷид ва ғайра).

Дар асрҳои 17—18 Сафарнома ба шакли ҳуҷҷатҳо, қайдҳо, тасвири саёҳатҳои баҳру бар ва экспедисияҳо инкишоф ёфт. Дар асри 19 оид ба саёҳатҳои воқеӣ ҳам қайдҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳам очеркҳои сафарии нависандагон ба миён омаданд. Дар ташаккули очеркҳои сафар «Сафари ҳузнангез»-и Л. Стерн, «Сафари Италия»-и И. В. Гёте, «Номаи сайёҳи рус»-и Н. М. Карамзин ва «Саёҳат аз Петербург то Москва»-и А. Н. Радищев нақши намоён гузоштаанд. Ин жанрро романтикҳо (Ф. Р. Шатобриап, Г. Гейне, П. Мериме ва дигар) инкишоф доданд. Дар асри 19, алалхусус дар асри 20 очерки сафар шаклҳои гуногун пайдо кард (Александр Сергеевич Пушкин «Сафа- ри Арзрум», Антон Павлович Чехов «Ҷазираи Сахалин», Марк Твен «Соддаҳо дар хориҷа», Ю. Смуул «Яхнома» ва ғайра) ва ба яке аз жанрҳои асосии публисистика табдил ёфт.

Дар асрҳои 15— 18 таваҷҷӯҳи адабиёт ба Сафарномаи воқеӣ бештар шуд. Сайёҳату кашфиётҳо асоси сюжети осори Ф. Рабле ва У. Шекспир буданд. Романи фалсафию иҷтимоии асрҳои 16—17 дар шакли қайду хотираҳои сафар эҷод гардид (Т. Мор, Ф. Бекон ва дигар). Дар асри 18 романи маорифпарварии Сафарнома шакл гирифт (Д. Дефо «Робинзон Крузо», «Саёҳат»-ҳои Ҷ. Свифт, Т. Смоллет ва ғайра). Дар асри 19 романтикҳо (Ҷ. Байрон «Зиёрати Чайльд Гарольд» ва ғайра), неоромантикҳо Р. Стивенсон ва дигар) Сафарномаи бадеӣ офариданд. Бештарини Сафарномаҳои асри 20 асоси ҳуҷҷатӣ доранд (повестҳои С. Свейг ва ғайра). Шаклу услуби Сафарномаҳои бадеӣ дар фантастикаи илмӣ ва адабиёти саргузашти бештар татбиқ мешавад.

Сафарнома дар адабиёти форс-тоҷик низ таърихи қадим дорад. Сафарномаҳои форсӣ-тоҷикӣ, чи дар назму чи дар наср, бо равияю услубҳои гуногун ба тарзи қайд ё рӯзномаи сафар («Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Савонеҳ-ул- масолик ва фаросих-ул-мамолик»-и Возеҳ, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким), зиёратнома («Қандияи хурд»-и Абулфазл Муҳаммади Самарқандӣ, «Исмҳои бузургони Бухорои Шариф»-и Мир Абутоҳирхоҷа ва ғайра), ҳаҷнома (маснавии «Тӯҳфат- ул-Ироқайн»-и Хоқонии Шервонӣ, Футӯҳ-ул-ҳарамайи»-и Муҳйии Ло- рӣ, манзуман «Ҳаҷнома»-и Сӯфӣ Ал- лоҳёр ва ғайра), рисолаҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ («Нузҳат-ул-қулуб»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Хулосат-ул-ҳаёт»-и Аҳмади Насруллоҳ, «Ёддоштҳо»-и Мирзо Бобои Ҳисорӣ, «Таъриҳ»-и Абдулкарими Кобулӣ ва ғайра) таълиф ёфтаанд. Дар асри 19 вобаста ба авзои сиёсию иҷтимоии замон дар адабиёти тоҷик навъи нави Сафарнома пайдо шуд (баъзе бобҳои «Наводир- ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш).

Ин равия дар Сафарномаҳои Возеҳ ва Мирзо Сироҷи Ҳаким давом ёфт. Як силсила Сафарномаҳо ба тасвири муфассали мавзеъҳо оиданд («Харобаҳои Мадоин»-и Хоқонӣ). Дар адабиёти советии тоҷик Сафарнома дар шаклҳои достон («Сафари Фарангистон»-и Лоҳутӣ, «Қиссаи Ҳиндустон-и Мирзо Турсунзода), очерк (Ҷалол Икромӣ «Аз Сталинобод то ба Киев», Ғ. Мирзо «Сафари диёри дӯстон», А. Қаҳҳоров «Роҳҳо ва мулоқотҳо», Фазлиддин Муҳаммадиев «Нориниёнем мо»), повести публисистӣ («Дар он дунё»-и Фазлиддин Муҳаммадиев) эҷод шудааст. Сафарнома барои фаро гирифтани маълумотҳои ҷуғрофӣ, этнографӣ ва таҳлили ҷаҳони ботинии инсон имконияти калон медиҳад. А. А.лимардонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …