Маълумоти охирин
Главная / Биология / САФАРГИЁҲ

САФАРГИЁҲ

САФАРГИЁҲ, ҷинси гиёҳҳои як, ду, бисёрсола ва буттаест аз оилаи Вога£1пасоае. Сафаргиёҳ қариб 100 намуд дорад, ки дар тамоми дунё (бидуни Австралия), алалхусус дар Америкаи Шимолӣ ва Ҷану- бӣ, кишварҳои баҳри Миёназамин ва Африка бисёр аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 7 (дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон фақат Сафаргиёҳи доруӣ) намуди Сафаргиёҳи худрӯй месабзад.
Сафаргиёҳи д о р у ӣ (Ь. оШс1па1е) гиёҳи бисёрсолаест, ки барги бедумчаи нештаршакли сермӯяк, розагули найчагии зангӯлашакли зард, аксар меваи чормағзаки ҷилонок дорад. Қариб дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон (ғайр аз Помир) дар ҷангалзори паҳнбарг, чун алафи бегона дар канори ҷӯйбор, наздики истиқоматгоҳ (800—2700 метр ах сатҳи баҳр) ва ғайра мерӯяд. Решааш моддаи аз ҷиҳати биологӣ фаъоли литоспермин дорад. Хокаи Сафаргиёҳи доруиро дар табобати ҷароҳат ба кор мебаранд.
Адабиёт: Сахобиддинов С. С., Дикорастущие лекарственные растения Средней Азии, Ташкент, 1948; Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 7. Ленинград, 1964.
А. П. Чукавина.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …