Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САФАРБАРИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

САФАРБАРИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

САФАРБАРИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ, табдил додани қувваҳои мусаллаҳи давраи осоиштаи давлат ба қувваҳои муташаккили замони ҷанг. Дар натиҷаи Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ сафи қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби даъвати ӯҳдадорони ҳарбӣ афзуда, қисмҳои нави ҳарбӣ ба вуҷуд меоянд. Дар баробари Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ низ ҷамъ карда мешаванд. Тайёри ба Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ дар замони осоишта ва худи сафарбарӣ одатан баробари оғози ҷанг гузаронида мешавад.

soldat

Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ умумӣ ва ҷузъӣ буда, дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР онро Президиуми Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР эълон мекунад. Баъди эълони сафарбари ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ хизматро то фармони махсус идома медиҳанд. Ӯҳдадорони ҳарбӣ мувофиқи даъватнома ҳозир мешаванд ва шахсони ҳозирнашуда аз рӯи қонуни замони ҷанг ҷазо мебинанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …