Маълумоти охирин
Главная / Илм / САФАР

САФАР

САФАР (арабӣ — тиҳӣ, холӣ), моҳи дуюми солшумории қамарии ҳиҷрӣ, ки аз 30 рӯз иборат аст. Дар ин моҳ арабҳо хонаҳои худро холӣ гузошта, ба ҷанг мерафтанд, аз ин ҷост, ки ин моҳ Сафар ном гирифтааст. Мувофиқи ақидаҳои динӣ Сафар бехосияттарин моҳ ба шумор рафта, мӯътақидони дину оин дар зарфи ин моҳ ба ягон кори хайр даст намезадаанд. Сафар мисли моҳҳои дигари солшумории қамарии хиҷрӣ ҳар сол 10 рӯз пештар меояд. Мувофиқи маълумоти охирин Сафар ба 26 декабри 1978—1924 январи 1979 рост омад. М. Раҳимов

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …