Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САËДАТ Мирзо Ҷалолуддин

САËДАТ Мирзо Ҷалолуддин

САËДАТ Мирзо Ҷалолуддин (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Ҳамзамова Бедил ва Зебуннисо. Дар зодгоҳаш — Лоҳур илмҳои расмии замовашро омӯхта, ба шоирӣ пардохтааст (се бародари ӯ низ шоир будаанд). Саëдат дар чанд тазкира («Калимот-уш-шуаро», «Риёз-уш-шуаро» ва ғайра) чун шоири забардаст, баландтабъ ва маънипарвару хубгӯ ёд мешавад. Ҳақиқати суханони тазкиранигоронро сурудаҳои Саëдат, ки тавассути тазкираҳо ва баёзҳо то замони мо расидаанд, тасдиқ менамоянд. Саëдат шоири соҳибдевон будааст, вале аз девонаш иттилое нест. Саëдат дар мавзӯъҳои ишқ, ҳасби ҳол, панду насиҳат, накӯҳиши шоирони сухандузд
ва ғайра дар навъҳои адабии анъанавии адабиёти классикон форс-тоҷик шеър гуфта, ба қавли худаш, кӯшидааст дар сухан оини наве пеш бигирад. Абёти зерин аз сурудаҳои Саëдат мебошанд:
Барқи чашмак чун он тарфи кӯҳсорон мерасад,
Соқиё, сомони coғap кун, ки борон мерасад.
***
Маҷӯ рифъат, агар чун мӯр мехоҳӣ сари худро,
Макун миқроз умри хештан, болу пари худро
• • •
Ин сухандуздони сангдил, ки даъво мекунанд,
Чун нигин аз шеъри мардум ном пайдо мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …