Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДУЛЛОЕВ Муллоҷон

САЪДУЛЛОЕВ Муллоҷон

САЪДУЛЛОЕВ Муллоҷон (1903, деҳаи Қаратоғ —1978, Душанбе), яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз оилаи оҳангар. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1925. Солҳои 1913—1918 батрак дар Қаратоғ 1918—1920 бофандаи даргоҳи бой. Соли 1921 дар органҳои ВЧК — ОГПУ дар Бухорои Шарқӣ кор кард. Соли 1924 намояндаи ваколатдори шӯъбаи ОГПУ дар уезди Қаратоғ таъин гардид. Соли 1925 намояндаи шӯъбаи махсуси ОГПУ-и корпуси 13-уми тирандози дивизияи 8-уми савора. Соли 1926 комиссари халқии савдои Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Солҳои 1927— 1931 комиссари халқии адлия ва прокуратураи Тоҷикистон. Соли 1931 намояндаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар назди Совети иқтисодии Осиёи Миёна. Солҳои 1931 —1933 дар курсҳои марксизм-ленинизми назди Комитети Марказии ВКП(б) таҳсил кард. Солҳои 1933—1934 комиссари халқии молияи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Солҳои 1934—1936 таҳсил дар Академияи плансозӣ. Солҳои 1936—1941 ҷонишини сардори шӯъбаи саноати хӯроквории Госплани Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Солҳои 1945—1946 прокурори шӯъбаи ҷиноятӣ-судии прокуратураи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик. Солҳои 1946—1957 раиси Госплани Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, 1957—1965 ҷонишини раиси Совети хоҷагии халқи Тоҷикистон. Солҳои 1927—1935 аъзои Комитети Марказӣ ва аъзои Бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии(б) Тоҷикистон буд. Саъдуллоев борҳо аъзои Комитети Иҷроияи Марказӣ, аъзои Президиуми Комитети Иҷроияи Марказӣ, аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ӯзбекистон интихоб шудааст.
Бо ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст. Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …