Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДУДДИНИ ВАРОВИНӢ

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНӢ

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи форс-тоҷик. Дар охири асри 12 ва аввали асри 13 умр ба сар бурдааст. Саъдуддини Варовинӣ аз мулозимони Хоҷа Абулқосими Рабибуддин — вазири атобаки Озарбойҷон буд. Вай ба номи ҳамин вазир «Марабоннома»-ро аз лаҳҷаи табарӣ ба забони форсӣ гардонидааст. Тарҷумаи Саъдуддини Варовинӣ аз осори муҳимми насри маснӯъ ба шумор меравад. Сабки нигориши асар ба «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ шабоҳат дорад. М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …