Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДУДДИНИ САЙДИ ҲИРАВӢ

САЪДУДДИНИ САЙДИ ҲИРАВӢ

САЪДУДДИНИ САЙДИ ҲИРАВӢ —(соли тавалуд номаълум —вафот 1364), шоири форс-тоҷик. Ҷараёни зиндагии Саъдуддини Сайди Ҳиравӣ чандон равшан нест. Бештар дар Исфаҳон зистааст. Қасидаҳояш дар сабки ироқӣ гуфта шудаанд. Бино ба маълумоти маъ- хазҳо девони Саъдуддини Сайди Ҳиравӣ аз 5000 байт иборат будааст, ки мутаассифона ҳанӯз дастраси аҳли илму адаб нагардидааст. Саъдуддини Сайди Ҳиравӣ қасидаи зиёде навиштааст. Байтҳои зер намунае аз як қасидаи ӯянд:
Субҳ аст, хоз, ай бути гулрӯю май биёр,
То рӯҳ парварем аз он рӯи хушгувор.
Гаҳ чанг дарзанем бад-он зулфи мушкбез,
Гаҳ бӯса барканем аз он лаъли обдор.
Моро агарчи об намондаст дар ҷигар,
Ҳар шаб зи дарди ҳаҷри ту дарё шавад канор.
М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …