Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДУДДИНИ ҲАММУӢ Муҳаммад ибни Ҷувайнӣ

САЪДУДДИНИ ҲАММУӢ Муҳаммад ибни Ҷувайнӣ

САЪДУДДИНИ ҲАММУӢ Муҳаммад ибни Ҷувайнӣ (соли таваллуд номаълум — Вафот 1252), яке аз намояндагони машҳури тасаввуф (асри 13). Аз шогирдон ва пайравони Наҷмуддипи Кубро ва Ибни Арабӣ. Давраи ҷавониаш дар Ҷувайни Хуросон гузаштааст. Оид ба ҷараёни зиндагиаш дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти кофӣ наомадааст. «Латоиф-ут-тавҳид фӣ ғароиб-ит-тафрид», «Алмисбоҳ фӣ-т-тасаввуф», «Баҳор-ул-ғариб» асарҳои тасаввуфии Саъдуддини Ҳаммуӣ мебошанд. Рисолаи «Улум-ул-ҳақоиқ ва ҳукм-ид-дақоиқ» ба назарияи маърифати тасаввуф оид аст. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқи эрони Қосим Ғанӣ дар «Таърихи тасаввуф» Саъдуддини Ҳаммуӣ маърифати инсониро ба маърифати ақлӣ ва тасаввуфӣ ҷудо намуда, эълон дошт, ки маъри- фати ақлӣ ба воситаи истидлол ва маърифати тасаввуфӣ тавассути кашфу шуҳуд амал мепазиранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …