Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДРУЛИН Шаҳобуддин

САДРУЛИН Шаҳобуддин

САДРУЛИН (Хоҷаев) Шаҳобуддин (1902, шаҳрт Хуҷанд—1982, Тошкент), яке аз аввалин комсомолони республика, иштирокчии фаъоли мубориза барои барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1920. Дар мактаби русин маҳаллии Хуҷанд таҳсил намудааст. Аа рӯзҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар Туркистон дар органҳои советӣ кор кард. Баъди cap шудани ҷанги гражданӣ отряди ихтиёрии комсомолонро ташкил намуда, бар зидди душманони Ҳокимияти Советӣ мубориза бурд. Соли 1919 курсҳои командирони сурхи шаҳри Фарғонаро хатм кард. Аз соли 1920 аъзо ва борхо раиси ташкилоти комсомолии уезди Хуҷанд интихоб шудааст. Соли 1923 дар корҳот Комитети комсомолии вилояти Самарқанд, солҳои 1925— 1926 дар органҳли партиявӣ буд. Соли 1926 ба кори матбуот гузашт ва баъд дар ташкилотҳои гуногуни советӣ ва хоҷагии вилояти Ленинобод кор кард. То ба нафақа баромаданаш (1941) дар органҳои партиявип РСС Ӯзбекистон кор мекард.
Ш. Ҷалилов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …