Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДРИИ ТОШКАНДӢ

САДРИИ ТОШКАНДӢ

САДРИИ ТОШКАНДӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асрт 16). Ҷараёни зиндагиаш чандон равшан нест. Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мутриби соли 1604 Садрии Тошкандиро дар Самарқанд дида, ба ҳунари шоирии ӯ тан медиҳад ва дар «Тазкират-уш-шуаро» чанд ғазали ӯро ба тариқи намуна овардааст. Абёти зерин намунае аз сурудаҳои Садрии Тошкандӣ мебошанд:
Дӯш он бут аз дари масҷид ба сад ҷавлон гузашт,
Дид зоҳид куфри зулфашрову аз имон гузашт.
Резан алмос мехоҳам ниҳон бар захми дил,
К-аз ғалат бар ёди ӯ андешаи дармон гузашт.
Ғам қавӣ, толеъ заифу дил ғамин, ҳиҷрон далер.
Вой бар аҳволи Маҷнун, к-ӯ з-ин сон гузашт.
Дӯзахиро ин ҳама сӯзу ҳарорат аз чӣ рӯст,
Гӯйё ӯ ҳамчу ман аз кӯчаи ҳиҷрон гузашт.
Буд армон ин ки созам сарфи ҷонон чони хеш.
Умри Садрӣ ғолибан охир дар ин армон гузашт.
Т. Бойматова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …