Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДРИДДИНОВ Талбак Садриддинович

САДРИДДИНОВ Талбак Садриддинович

САДРИДДИНОВ Талбак Садриддинович (таваллудаш январи 1921, деҳаи Лоҷирки райони Сангвор, ҳозира pайони Комсомолобод), пахтакор, Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981). Аъзои КПСС аз соли 1956. Омӯзишгоҳи педагогии Ғармро хатм кардааст (1944). Муаллим, директор» мактаби миёнаи ба номи В. И. Ленин (1939—1945), инспектор, мудири кабтнетн методии шӯъбаи маориф (1945—1949), котиби Комитети иҷроияи pайони Сангвор (1949 —1953), котиби Комитети мҷроияи райони Тавилдара (1953), колхозчӣ, бухгалтери колхози ба номи М. И. Калинини pайони Шаҳртуз (1955—1957), котиби ташкилотт партиявии колхози номбурда (1957—1963) ва аз соли 1963 ин ҷониб раиси колхози ба номи М. В. Ломоносови райони Шаҳртуз. Колхозе, ки Садриддинов poҳбари мекунад, мунтазам ҳосили баланди пахта мерӯёнад. Солт 1983 аз ҳар га пахтазор (1440 га) 31,6 с «тиллои сафед» ғундоштаед. Колхоз дар давоми панҷсолаи 10-ум 4 маротиба ғолиби мусобиқаи умумииттифоқ шудааст. Колхоз иштирокчии НКХХ СССР (1967—1982) мебошад. Садриддинов депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7—10). Вакили съездҳои 15—19-умт ПК Тоҷикистон ва Съезди 24-уми КПСС. Бо 4 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …