Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДОВСКИЙҲО

САДОВСКИЙҲО

САДОВСКИЙҲО, оилаи актёрони рус, ки дар инкишофи реализми саҳнавии рус ҳиссаи арзанда гузоштааст. Пров Михайловиче, (фамилияи асҳиаш Ермилов) (23. 10. 1818, Ливни—28. 7. 1872, Москва). Баъди фавти падар дар тарбияи тағоҳояш Г. В. ва Д. В. Садовский— актёрони намоёни музофотӣ буд (тахаллуси Садовскийҳо аз ҳамин ҷост). Соли 1832 ба дастаи театрии Тула, қабул шуд. Дар театрҳои Калуга, Рязан, Воронеж, Қазон ва дигар шаҳрҳо баромад мекард. Соли 1839 бо дастгирии М. С. Шепкин дар саҳнаи Театри Хурд ҳунарнамоӣ кард. Истеъдоди ҳаҷвофарии ӯ дар ҳамин театр зоҳир гардид (песаҳои «Зангирӣ» ва «Муфаттиш»-и Н. Гогол, ролҳои Подколёсин, Осип). Ҷиҳатҳои дигари маҳорати актёр бештар дар песаҳои А. Н. Островский, ки ӯ тарғибкунандаи эҷодиёти ин драматург буд, кушода шуд: Дикой («Раъду барқ», 1859), Куроспелов («Дили сӯзон», 1869), Любим Торсов («Камбағалӣ айб нест», 1854) ва ғайра. Дар комедияҳои Молер, Шекспир, Калдерой, инчунин операҳо иштирок дошт. Овози хушоҳангу талаффузи бурро ба ӯ дар образофарй кӯмаки калнм мекарданд. Актёр хусусияти миллии образ, характеру ҷаҳони ботинии қаҳрамонашро бо як самимияти хос, табиӣ ва боварибахш мекушод. Муаллифи як қатор ҳикояҳои ҳаҷвист. Михаил Провович Садовский (24. 11. 1847, Москва—8. 8. 1910, ҳамон ҷо), писари Пров Михайлович Садовский Бо мадади падар ва А. Н. Островский омодаи саҳна гардид. Солҳои 1867—1869 дар спектаклҳои «Маҳфили артистог» иштирок дошта, аз соли 1869 дар Театри Хурд ҳунарнамоӣ кардааст. Дар песаҳот Островский зиёда аз 60 рол офаридааст. Аз ҷумла: Счастливсев («Ҷангал»), Мурзаветский («Гургон ва гӯсфандон»), Андрей Белугин («Издивоҷи Белугин»), Карандишев («Беҷиҳоз») ва ғайра. Ҳамчун давомдиҳандаи роҳи падар дар санъати театрии рус аз худ нақши фаромушношудание гузоштааст. Ӯ аз дигарон бо нутқи саҳнавии ҷолиб, санъати ҳақиқатан халқӣ ва самимият фарқ мекард. Мавзӯи асосии эҷодиёташ қисмати ҳамзамонон, одамони оддӣ, бекасукӯй ва сияҳтолеъ буд. Муаллит як силсила очерку ҳикояҳост. Мутарҷими песаҳои Расин, Бомарше, Голдони, Госси (дар Театри Хурд гузошта шудаанд). Дар Омӯзишгоҳи мусиқиву драмавии Ҷамъияти филармонии Москва ва Омӯзишгоҳи театрии Москва дарс гуфтааст. Олга Осипжовна С. (фамилияи худаш Лазарева) (25. 6. 1849, Москва—8. 12. 1919, ҳамон ҷо), завҷаи Михаил Провович Садовский Аз падараш—сарояндаи дастаи операвии театрҳои императории Москва маҳорати мусиқидонию овозхониро омӯхта, ба сурудҳои халқӣ таваҷҷӯҳи хос дошт. Дар ибтидо — аъзои дастаи «Маҳфили артистон». Соли 1879 аввалин бор дар саҳнаи Театри Хурд баромад карда, соли 1881 ба ҳайати он қабул шуд. Садовский образҳои зиндаи савдогарзанҳо, мешанхо ва деҳқонзанҳоро офаридааст. Ҳамчун актрисаи намоёни театри Островский образҳояшро табиӣ, боварибахш офарида, ҷиҳатҳои гуногуни онро тавассути овози пуртобиш, диалогҳои нишонрас мекушод. Ролҳои беҳтарини ӯ дар песаҳои Островский; Анфуса Тихоновна («Гургон ва гӯсфандон», 1893), Мавра Тарасовна («Ҳақиқат хуб аст, аммо саодат авлотар», 1897), Галчиха («Гунаҳкорони бегуноҳ», 1884) ва ғайра; Матрёна («Дар зулмот»-и Л. Толстой, 1895), графзан Хрюмина («Дод аз дасти ақл»-и С. Грибоедов, 1899) ҳамчунин аз ролҳои беҳтарини ӯянд. Захаровна аз спектакли «Мӯисафед»- и Горкий (1899) роли охиршш Садовский буд. Ба санъати ӯ К. С. Станиславский, В. И. Немирович-Данченко, А. П. Ленский баҳои баланд додаанд. Елизавета
М и х а й л о в н а Садовский (5. 5. 1872, Москва —4. 6. 1934, ҳамон ҷо), духтари Олга Осиновна ва Михаил Провович С. Дар саҳна (то барҳаёт будани модараш) ӯро Садовскаяи 2-юм ном мебурданд. Соли 1894, пас аз хатми курсҳои драмавии назди Омӯзишгоҳи театрии Москва, ба Театри Хурд қабул шуд. Глафира аз «Гургон ва гӯсфандон»-и Островский роли беҳтарини Садовский ҳисоб меёбад. Ролҳои дигари Садовскийҳо: Снегурочка, Поликсена, Юлияҷон, Вераҷон, Варвара («Снегурочка», «Ҳақиқат хуб аст, аммо саодат авлотар», «Ҷои даромаднок», «Масхарабозон» ва «Раъду барқ»-и А. Островский), Маря Антоновна («Муфаттиш »-и Н. Гогол), Лиза («Дод аз дасти ақл»-и С. Грибоедов )г, Сюзанна («Зангирии Фигаро»-и П. Бомарше). Пров Михайловиче. (21. 8. 1874, Москва —4. 5. 1947, ҳамон ҷо), Арт. Халқии СССР (1937). Писари Олга Осиповна ва Михаил Провович С. Курсҳои драмавии Омӯзишгоҳи театрии Москваро хатм карда, соли 1895 ба Teaтри хурд қабул шуд. Ҳанӯз аз ролҳои аввалинаш (Мизгир — «Снегурочка»-и А. Островский, Чатский — «Дод аз дасти ақл»-и С. Грибоедов, Меркутсио — «Ромео ва Ҷулетта»-н У. Шекспир ва ғайра) истеъдоди баркамоли ӯ зоҳир гашт. Махсусан ба офаридани образи одамони қавииродаву матин бештар муваффақ мегардид: Гокон («Ҷоҳталабӣ»-и Г. Ибсен) Беркутов («Гургон ва гӯсфандон»-и А. Островский) ва ғайра. Роли комиссар Кошкин аз песаи «Любовь Яровая»-и К. Тренёв (1926), ки таҷассуми образи коммунист Собитқадам аст, ба таърихи театри советӣ ҳамчун воқеаи муҳимме дохил шудааст. Ролҳои беҳтаринаш: Расстёгин («Дар соҳили Нева»-и К. Тренёв) Несчастливсев («Ҷангал»-и Островский), Фамусов («Дод аз дасти ақл»-и С. Грибоедов) ва ғайра. Чун режиссёр чанд песа таҳия кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо ду ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст. Дар Театри Хурд ҳоло ннҳо ҳунарнамоӣ мекӯнанд: писари Пров Михайлович Садовскийҳ— Пров Провович Садовский (таввллудаш 1926) ва ҷияни Пров Михайлович—Артисти Хизматнишондодаи РСФСР (1949) Михаил Михайлович Садовскийҳо (таваллудаш 1909).
Ад.: Семья Садовских, мач. таҳти таҳрири Вл. Филиппов, М.—Л., 1039.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …