Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДОВСКИЙ Михаил Александрович

САДОВСКИЙ Михаил Александрович

САДОВСКИЙ Михаил Александрович (таваллудаш 6. 11. 1904, Петербург), физики советӣ, яке аз асосгузорони физикаи таркишот, акад. АФ СССР (1966; аъзо-корр.
1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Аъзои КПСС аз соли
1941. Институти политехникии Ленинградро хатм намуда (1930), солҳои 1932—1941 дар Институти сейсмологияи АФ СССР, солҳои 1941—1944 дар шӯъбаи корҳои махсуси Президиуми АФ СССР кор кардааст. Солҳои 1946-1963 ҷонишини директори Институти физикаи химиявии АФ СССР, аз соли 1963 директори Институти физикаи Заминӣ АФ СССР. Дар айни ҳол муовини икад.-
котиби Шӯъбаи геология, геофизика ва геохимияи АФ СССР, раиси Совети байниидоравии сейсмология ва сохтмони зилзилабардори назди Президиуми АФ СССР, раиси Совети илмӣ доир ба проблемаи «Истифодаи тарконишҳо дар хоҷагии халқ» мебошад. Оид ба масъалаҳои назарияи таркониш, омӯзиши таъсири харобиоварии он, аффекти сейсмикии тарконишҳои шадид корҳои тадқиқотӣ дорад, қонуни шабоҳатро ҳангоми таркиш асоснок карда аст. Бо иштироки Садовский дар СССР калонтарин тарконишҳои самтнок гузаронда шудааст. Соли яке аз асосгузорони илми физикаи таркониш мебошад. Хизматҳои Садовский дар тартиб додани харитаи нормативии ноҳиябандии зилзила дар СССР, дар коркарди ҳамаҷонибаи прогнози боэътимоди зилзила, дар сохтани бино ва иншооти зилзилабардор калом аст. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1948, 1949, 1951 ва 1953), Мукофоти ленинӣ (1962). Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсия Октябр, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, инчунии медалҳо мукофотонида шудааст.
С. Неъматуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …