Маълумоти охирин
Главная / Илм / САДО

САДО

САДО, мавҷҳои чандирро гӯянд, ки дар муҳити газшакл, моеъ ва сахт паҳн мешаванд ва онҳоро гӯши одам қабул карда метавонад. Одам Садои басомадаш аз 16 Гс то 20000 Гс-ро мешунавад. Садои басомадаш аз 16 Гс хурд инфрасадо ва Садои басомадаш аз 20000 Гс калон ултрасадо ном дорад. Мавҷҳои чандири баландбасомади диапазонашон аз 109 то 1012—1013 Гс-ро гиперсадо мегӯянд. Спектрҳои садо яклухт ва рах- рах мешаванд. Интенсивияти Садо ба амплитудаи фишори Садо, хосиятҳои худи муҳит ва шакли мавҷ вобастааст. Ҷиҳати субъективии Садо, ки бо интенсивияти он алоқаманд аст, баландии Садо мебошад, ки ба басомад вобаста аст.

sado-ovoz
Ҳар гуна просессе, ки боиси дар муҳит тағйир ёфтани фишор мегардад, ё худ шиддати механикӣ манбаъҳои мавҷи Садо шуда метавонанд. Дар табиат Садо ҳангоми ҷисмҳои сахтро шорида гузаштани ҳаво аз ҳисоби пайдоиши гирдбодҳо (масалан, ҳангоми ба сим, гулба ва қуллаҳои мавҷи баҳр таъсир кардаии бод) ангезонида мешавад. Қабулкунакҳои Садо барои қабул кардан ва ба дигар намудҳои энергия табдил додани энергияи Садо хизмат мекупанд. Узви сомеаи одам ва ҳайвонот қабулкунакҳои Садо мебошанд. Дар техника барои қабули Садо табдилдиҳандаҳои электроакустикӣ, дар ҳаво микрофонҳо, дар об гидрофонҳо, дар қишри Замин геофонҳо истифода мешаванд. Паҳншавии мавҷҳои Садо пеш аз ҳама бо суръати садо тавсиф дода мешавад. Дар муҳитҳои газшаклу моеъ мавҷҳои тӯлие (самти лаппиши зарраҳо бо самти паҳншавии мавҷ мувофиқ аст) паҳн мегарданд, ки суръаташон бо тазйиқпазирию зичии муҳит муайян карда мешаванд. Дар ҷисмҳои сахт, ғайр аз мавҷҳои тӯлӣ, мавҷҳои арзӣ (самти лаппиш ба самти паҳншавии мавҷ амудӣ аст) ва мавҷҳои сағдӣ низ паҳн мешаванд. Ҳангоми дар муҳит паҳн шудани мавҷҳои Садо дар як қатор мавридҳо дисперсия, интерференсия ва дифраксияи Садо мушоҳида мегардад. Гилзат ва гармиғунҷоиши муҳит, инчунин ба энергияи прососсҳои дохил имолокугарн табдил ёфтани энергияи Садо боиси фурӯбурди он мегардад. Фурӯбӯрди афзоиши басомади он меафзояд. Бинобар он ултрасадо ва гиперсадо, ки басомадашон зиёд аст, ба масофаҳои хурд (одатан, ба чанд см) паҳн мешаванд. Дар атмосфера, об ва қишри Зимин I мавҷҳои инфрасадо аз ҳама дуртар мешаванд, зеро онҳо фурубурд ва пароканиши хурд доранд. Ба тадқиқу омӯзиши мавҷҳои Садо акустика машғул аст.
Ад.: Чедд. ГрэХэм. Звук. (пер. с англ.), М., 1975; Расторгуев Б. П., Окно и мир звука, М., 1978;
А. Асроров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …