Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДИ ТОЙ

САЪДИ ТОЙ

САЪДИ ТОЙ- и- (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 13). Ҷузъиёти рӯзгораш равшан нест. Муаллифи тазкираи «Лубоб-ул-албоб» намунаи ашъори Саъди Тойро зикр карда, ба шеъри ӯ баҳои баланд додааст. Бино ба гуфтаи ӯ, дар шеърҳояш, ки ҳамагӣ тарабангез ва диловезанд, ба зиндагӣ бо чашми ҳақиқат нигариста, моҳияти ҳаёти инсонро таҳлил карда, мазлумонро та- салло ва золимонро танбеҳ додааст. Масалан, шоир дар як қасидааш арз кардааст, ки ин ҷаҳон гузарандаву бебаҳост ва аз худ рафтан ё маҳзун шудан шоиста нест:
Ғам махӯр, эй дӯст, к-ин чаҳон бинамонад,
Ҳар чи ту мебинӣ, ончунон бинамонад,
Роҳату шодият пойдор набошад.
Гиряву зориат човидон бинамонад.
Ҳар тарабафзою шодмон, ки ту бинӣ,
Аз сафи андӯҳ бар карон бинамонад…
Адабиёт: М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …