Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДИ САМАРҚАНДӢ

САЪДИ САМАРҚАНДӢ

САЪДИ САМАРҚАНДӢ Саъдуддин Асади Наҷҷорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 12). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш равшан нест. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» ҳунари шоирӣ, тарзи баён ва завқи нигорандагии Саъди Самарқандиро таърифу тавсиф намуда, ӯро дар радифи Унсурӣ ҷой додааст. Дар сурудани навъҳои гуногуни шеър ҳунарнамоӣ кардааст, вале ба қавли Авфӣ «… аксар назми ӯ рубоиёт аст ва дар он шева шӯҳ- рате дорад ва дар он фан маҳорате…» РубоиётиСаъди Самарқандӣ мазмуни ишқӣ дошта, аз ҷиҳати равонӣ ва соддабаёнӣ ба рубоиҳои халқӣ наздиканд:
Эй зулфи ту ранг бурдаву бӯй аз мушк.
Чавгон шудаву бурда басе гӯй аз мушк.
Як мӯй, ки аз фарқи ту афтад ба замин,
Фарқаш накунад касе ба як мӯй аз мушк.
Саъди Самарқандӣ ашъори мадеҳавӣ дар васфи ҳукмрони давр ва ҳаҷвияҳо низ доштааст. М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …