Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДИ БУХОРОӢ

САЪДИ БУХОРОӢ

САЪДИ БУХОРОӢ- Саъдуддии Асад ибни Шиҳоб (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» Саъдии Бухороиро яке аз шахсиятҳои маъруфи Бухоро номидааст. Дар овони пирӣ ӯ гӯшанишинӣ ихтиёр карда, дар маҳаллаи Ҳавзи Имомон иқомат дошт. Аз осори ӯ қасидаҳою ғазалҳо ва абёти пароканда ба воситаи тазкираҳо боқӣ мондааст, ки аксар ба мавзӯъҳои динии тасаввуфӣ оиданд. Дар сурудаҳои ӯ ақоиди панду ахлоқи аз қабили мазаммати ҳирсу тамаъ, дур будан аз зулм, сар кашидан аз сӯҳбати сифлагон ва ғайра баён гардидаанд. М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …