Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САДДИ ИСКАНДАРӢ

САДДИ ИСКАНДАРӢ

САДДИ ИСКАНДАРӢ Садди Искандер, Садди Сикандар, деворест, ки мувофиқи ривоятҳо Искандари Мақдунӣ барои бастани пеши роҳи лашкари Яъҷуҷу Маъҷуҷ сохта будааст. Бисёр шоирони классикии форс-тоҷик Садди Искандариро ҳамчун образи шеърй истифода намудаанд:
Зи ту дар оина наззора кардан,
Зи ман садди Саркандар пора кардан.
(Хусрави Деҳлавӣ). Садди Искандарӣ бо номҳои Садди Яъҷуҷ, Садди Бобулабвоб (Б о б у л- боб) низ машҳур аст.
Ту гуфтӣ Садди Яъҷуҷ аст лашкар,
Ҳам эшон боз чун Яъҷуҷ бе мар.
( Фахруддини Гургонӣ).
У. Toupoв.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …