Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САДДИ ЧИН

САДДИ ЧИН

САДДИ ЧИН, девори қалъа дар Хитойи Шимолӣ, ёдгории бузурги меъмории Чини бостонист. Қисми якумаш дар асрҳои 4—3 то мелод бунёд гардидааст. Баъди муттаҳидшавии Хитой (221 то мелод) император Тсин Шнхуанди фармон дод, ки барои эмин доштани сарҳади шимолу ғарбии империя аз ҳуҷуми халқҳои бодиянишин девор бардошта шавад.

devori-chin

Минбаъд Садди Чин борҳо таъмир карда шуд. Садди Чин аз Шарқ ба Ғарб аз шаҳри Шанхайгуан, бо соҳили халиҷи Ляодун то нуқтаи Тсэяюйгуан тӯл кашидааст. Дарозии Садди Чин тақрибан 4—5 ҳазор км буда, баландиаш 6,6 м (дар баъзе ҷойҳо то 10 м), ғафсии қисми поёнаш тақрибан 6,5 м, болояш 5,5. м аст. Сар то сари Садди Чин камингоҳ ва манораҳои дидбонӣ, дар гузаргоҳҳои асосии кӯҳиаш қалъаҳо сохта шудаанд. Қисми зиёди Садди Чин то замони мо боқӣ мондааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …