Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

sadi

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. Бо номҳои Ш а й х Саъдӣ, Саъдии Шерозӣ машҳур аст. Падари Саъдӣ Мушрифи Шерозӣ, ба қавли худи шоир, олим ва арбоби дин буда, бо он музде, ки аз давлат мегирифт, осоиши оилаашро таъмии мекард. Саъдӣ дар синни 12—13- солагӣ аз падар ятим монд. Пас аз вафоти падар вазифаи таъмини ризқу рӯзии оила, ки қариб бе молу сармоя монда буд, бар дӯши бародари калонии Саъдӣ афтод. Ӯ бо машаққати зиёд дӯкони хурди баққолӣ кушода, даромади ночизи онро барои эҳтиёҷи маоши аҳли оила харҷ мекард. Саъдӣ маълумоти ибтидоиро дар Шероз гирифта, дар миёнаи солҳои 20 (баъди Эронро аабт кардани муғулҳо) ба Бағдод рафт. Таҳсили минбаъдаи Саъдӣ дар мадрасаҳои «Низомия» ва «Мустансирия»-и Бағдод гузашт. Ӯ дар он ҷо забону адабиёти араб, ҳадису Қуръон ва калому тасаввуфро омӯхт. Пас аз хатми таҳсил Саъдӣ ба кишварҳои Шарқ сафар кард. Шоир дар муддати 20 соли саёҳаташ ба Туркистону Ҳиндустон то Африкаи Шимолӣ, Арабистони Ҷанубӣ ва Осиёи Хурд мусофирӣ кард.
Дар сафарҳои тӯлонии худ Саъдӣ бо шайхони зоҳид ва дарвешони бесомон, бо тоҷирону роҳзанон ва кишоварзону ҳунармандон вохӯрда, ҳаёти табақаҳои мухталифи мардумро омӯхт, ҳамеша ба одамон, кирдору рафтор, орзую умеди онҳо мароқи зиёд зоҳир мекард. Машғулияти асосии Саъдӣ дар сафарҳояш воизӣ буд.
Ӯ ба ҳар шаҳре, ки мерафт, дар масҷиду бозор ва хонақоҳу мазорҳо мардумро дар гирди худ ҷамъ намуда, ба онҳо ваъз мегуфт, панду насиҳат медод. Шоири воиз дар ваъзҳои худ масъалаҳои ахлоқ, ҳикмати амалӣ ва муносибатҳои ҷамъиятяро муҳокима мекард ва фикри худро бо мисолҳои ҳаётӣ, манзараҳои зиндагии воқеӣ, масалу мақолҳои халқӣ тақвият медод. Ваъзҳои Саъдӣ ба ҳикоёти дилчаспи реалистӣ табдил ёфта, оқибат ба “Бӯстон»~у Гулистон»-и ӯ дохил шуданд. Саъдӣ бо донишу таҷрибаи фаровони зиндагӣ, ки дар на- тиҷаи омӯзиши ҳаёти табақаҳои мухталифи ҷамъият ва халқҳои мамлакатҳои гуногун ҳосил карда буд, соли 1257 аз саёҳат баргашта, ба эҷоди асарҳо машғул шуд. Мероси адабии Саъдӣ, ғайр аз китобҳои зикрёфта, чор девони ғазалиёт («Тайибот», «Бадоеъ», «Хавотим», «Ғазалиёти қадим»), қасоид (форсӣ ва арабӣ), китъаот, рубоиёт, маснависӣ, муфрадот, тарҷеот, муламмаот ва мусалласотро дар бар мегирад.. Мароми асосии шоир дар саросари эҷодиёташ тарғиби ғояҳои панду ахлоқӣ, инсофу адолат, ахлоқи ҳамида ва ишқи пок аст. Ишқу зебоии инсон бештар дар ғазалиёти шӯрангези шоир тараннум шудаанд. Саъдӣ зуҳуроти ҳақиқии ҳаёти маънавӣ — хушбахтию хушҳолӣ, ғаму андӯҳ, дарду дармон, орзуву умед ва эҳсосу ҳаяҷони ин- сонро дар ғазал чунон устодона ва санъаткорона тасвир кардааст, ки онҳо дар ҳар ҷо ва дар ҳама замонҳо мардумро ба ҳаяҷон овардаанд.
Саъдӣ анъанаҳои шоирони пешгузаштаро эҷодкорона такмил дода, зеботарин ва комилтарин намунаи ғазалро ба майдон овард ва номи худро дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун «паямбари ғазал» сабт гардонид. Ишқу дустӣ, хуррамию хушдилии инсон, ки дар ғазалҳои шоирони гузашта ифода меёфтанд, дар ғазалҳои Саъдӣ бо образҳои ҷозибадор ва ҷузъиёти аниқ ғанитар гардидаанд. Яке аз мавзӯъҳои асосии ғазалиёти Саъдӣ ҷуноне кн худи ӯ гуфтааст, ишқ аст.
Сухан берун магӯй аз ишқ, Саъдӣ,
Сухан ишқ асту дигар қолу қил аст.
Аммо оид ба баёни ишқу моҳияти он дар ғазалиёти Саъдӣ ду қутби ба ҳам мухолиф ба назар мерасад. Шоир, аз як тараф, ба ҷаҳони ҳақиқӣ, бо зиндагӣ ва маънавиёти одамон пайвастагин қавӣ дошта, ишқ, зебоӣ ва лаззатҳои олами моддиро тараннум карда бошад, аз тарафи дигар, андеша ва тасаввуроти вай ба ҷаҳони тасаввуф ва ишқи ирфонӣ парвоз мекунад. Албатта, ин бесабаб нест. Саъдӣ дар шароити феодализми асри миёнаи Шарқ зиндагӣ кардааст ва идеалҳои олӣ, афкори пешқадами вай аз он муҳити таърихӣ, ки идеологияи феодали ҳукмрон буд, ҷудо намондааст. Вақте ки вай дар мадрасаи Бағдод аа тариқаи орифи бузург Шиҳобудини Сӯҳравардӣ баҳраманд мегардид, дар зери нуфузи таълимоти ӯ шеърҳои орифона низ суруда буд. Вале ғазалҳои орифонаи Саъдӣ хеле каманд ва аз ашъори дигар шоирони мутасаввиф нисбатан фарқ мекунанд. Ишқи инсонии Саъдӣ нисбат ба ишқи илоҳии ӯ чандин маротиба ба- ландтар ва муқаддамтар аст. Қаҳрамонҳои лирикии Саъдӣ ҳамагӣ одамони зинда буда, бо эҳтирос дӯст медоранд. Онҳо, азбаски одамони зинда ва ҳаётианд, эҳсосот ва табиату кайфияти гуногун низ доранд:
Аз дар даромадиву ман аз худ бадар шудам,
Гуфтӣ, к-аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигар шудам.
Гӯшам ба роҳ, то кӣ ҳабар медиҳад зи дӯст,
Соҳибхабар биёмаду ман бехабар шудам.
Гуфтам, бубинамаш, магарам дарди иштиёқ
Сокин шавад, бидидаму муштоқтар шудам.
Дастам бидод қуввати рафтан ба пеши ёр,
Чанде ба пой рафтаму чанде ба сар шудам…
Дар осори Саъдӣ авзои қаҳрамони лирикӣ ҳарҷониба ва бо шаклҳои гуногун тасвир шудааст. Сабаби ин боз дар он аст, ки ғазалиёти Саъдӣ асосҳои қавии ҳаётӣ доранд, масъалаҳои зиндагӣ дар тану ҷони ӯ обутоб ёфта, шеър шудаанд. Дар ғазалиёти Саъдӣ, ки «дар ақсои олам» бисёр гашта, рӯйдодҳои зиёдеро дида, аз орзуву умед- ҳои мардум бохабар шуда буд, ғояҳои сиёсию иҷтимоии он давра низ нақш бастаанд. Ғазалҳои вай, ки намунаи баланди лирикаи ишқӣ мебошанд, дар айни Замон маънии амиқи иҷтомоӣ низ доранд, зеро онҳо бо эҳсосоти умумии инсонӣ омезиш ёфта, ба талаботи маънавӣ, ахлоқӣ ва эстетикии он аср ҷавоб додаанд. Аз тарафи дигар, Саъдӣ шоҳиди ҳақиқии тохтутоз, вайронкориҳо ва зулму бедодгариҳои истилогарони муғул буд. Вайронии шаҳру деҳот, поймол шудани боғу киштзорҳо, касалию бенавоии мардуми бечора, хору зор гаштани шоирон, олимон ва ғайра низ ба эҷодиёти шоири некбин таъсир ра- сонидааст. Ин ҳама ҳодисаҳо сабаби қувват гирифтани оҳангҳои иҷтимоӣ ва реалистӣ дар ғазалиёти Саъдӣ гардидаанд. Аз ин ҷиҳат қаҳрамони лирикии Саъдӣ аз қаҳрамони лирикии шоирони гузашта фарқ мекунад. Ӯ қаҳрамони лирикиро ҳамчун ошиқ ва инсони оқил тасвир намуда, бо ҳамин мақоми инсон, қадру қимати одамро баланд бардоштааст. Саъдӣ одамонро бештар бо роҳи дӯстӣ, аҳду вафо, меҳру шафқат, қадршиносӣ, сабру таҳаммул, устуворӣ ва матонат ҳидоят кардааст. Дар лирикаи Саъдӣ инчунин тарғиби панду ахлоқ, тасвири манзараҳои дилфиреби табиат, манзараҳои баҳор, ҷашни Наврӯз, маю соқӣ ва ғайра низ мавқеи сазовор доранд. Дар ашъори лирикии Саъдӣ., ки аз ҳар гуна суханпардозиҳои сунъӣ ва лафзҳои нолозим пок аст, лафзу маънӣ ягонагии узвӣ доранд. Ба гуфтаи худи ӯ: «Ин қабои санъати Саъдӣ, ки дар вай ҳашв нест…». Лирикаи ӯро бештар образҳои зиндаю боварибахш, ташбеҳу тавсифҳои соддаю табиӣ ва таркибҳои ба зеҳни омма наздик ороиш додаанд. Саъдӣ ҳолат ва таассуроти қаҳрамони лирикиашро бо ҳунари баланд тасвир кардааст:
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напоӣ.
Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?
Эй, ки гуфтӣ, марав андар паи хубони замона,
Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?…
Ин хусусияти ғазалҳои шоир, бешубҳа, ба халқияти ашъораш алоқаманд аст. Ва яке аз сабабҳои мақбули ҳама гардидани ғазалҳои Саъдӣ ҳам дар он аст, ки вай забони ғазалро такмил дода, онро хеле оммавӣ кард. Забон ва услуби ғазалҳои вай эҳсосоти дунявӣ ва мафкураи халқро ифода кардаанд. Худи Саъдӣ дар таърихи адабиёт бо лақаби эҳтиромии «Афсаҳулмутакаллимин» эътироф гардидааст. Саъдӣ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамчун мутафаккир низ мақоми баланд дорад. Ӯ ақидаҳои ахлоқии худро дар рисолаҳои махсуси фалсафӣ не, балкӣ дар осори бадеӣ зимни ҳикмату андарзҳо ва панду насиҳатҳо, ки аксаран бо тамсилҳо тасвир шудаанд, баён кардааст. Ҳангоми баёни ҳар як масъалаи ахлоқӣ Саъдӣ ҳамеша ҳикмати халқро ба асос мегирифт. Афкори ахлоқии Саъдӣ низ бо ҳаёт, бо воқеият сахт пайванд аст. Диққати шоирро на масъалаҳои мавҳум ва соф назариявии аҳлоқ, балки бештар ҷиҳатҳои амалии он ҷалб кардааст, бинобар ин пандҳое, қи вай ба тариқи хулоса аз мушоҳидаҳои худ баён кардааст, аксаран ҷанбаи амалӣ доранд. «Гулистои»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ меваи тахайюл ва тасаввури нависанда не, балки нақли бадеии рӯйдодҳои ҳақиқии ҳаёт мебошанд. Қаҳрамонҳои ҳикоёти ӯ ҳама одамони аниқ ва тоифаҳои гуногун буда, саргузаштҳои аҷоибе доранд. Шоир аз саргузашти одамон лаҳзаҳои ҷолибе оварда, дар ин зимн панду ҳикматҳои пурмазмуне пеш мегузорад, ки таҷрибаи таърихии зиндагии халқро таҷассум кардаанд. Аксари байтҳо ва пандҳои хирадмандонаи Саъдӣ, ки дар бораи инсон ва рӯзгори ӯ гуфта шудаанд, ба ҳукми зарбулмасалу мақолҳои халқӣ даромадаанд: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба хирад аст, на ба сол», «Ҳар ки бо бадон нишинад, некӣ набинад», «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он, ки аттор бигӯяд» ва ғайра. Бино ба гуфтаи Садриддин Айнӣ, фазилати Саъдӣ дар он аст, ки асарҳои ӯ ҳаётианд, аз зиндагии инсон ва инсониятпарварӣ баҳс мекунанд. Саъдӣ дар осораш пеш аз ҳама инсон ва сифатҳои неки ӯро пеш гузоштааст. Дар қитъаву ғазалиёт ва ҳикоёти Саъдӣ масъалаи «одамият» меҳвари асосист. «Нишони одамият» ҳам он аст, ки инсон моҳияти аслии одаму одамгариро фаҳмида бошад, вагарна ӯ аз нақши девор фарқе надорад:
Ҷавонмардиву лутф аст одамият,
Ҳамин нақши ҳаюлоӣ мапиндор!
Ҳунар бояд, ки сурат метавон кард,
Ба айвонҳо дар аз шангарфу зангор.
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор
Саъдӣ инчунин анъанаҳои гузаштагонро, ки бидуни ирқу миллат дӯст доштани инсонро тарғиб менамуданд, инкишоф дода, дар замони истилои муғул, вақте ки ҳазорон мардуми бегуноҳ дар дами теғи бало ҳалок мегардиданд, барои ҳимояи мазлумон, озордидагон, оламиёнро ба ягонагию ваҳдат даъват мекард:
Бани Одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ҳар гоҳ ки Саъдӣ аз ягон ҷиҳати ахлоқ андеша варзида бошад, ҳукми Қуръону ҳадисҳои пайғамбарро далел овардааст. Зеро дар замоне, ки дин ба ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ реша давонда буд, Саъдӣ, бешубҳа, ақидаҳои маъмули диниро ба асос мегирифт. «Ҳиссиёти омма фақат бо ғизои динӣ парварда мешуд, бинобар ин барои ба вуҷуд овардани ҳаракати пурҷӯш манфиатҳои ин оммаро ба худи вай бо либоси динӣ нишон додан зарур буд» (Маркс Карл, Энгелс Фридрих, Асарҳои мунтахаб, ҷилди II, Душанбе, 1965, саҳифаи 435). Ҳарчанд ки Саъдӣ ба ташаккули ахлоқ таъсири муҳим расонидани муҳит ва тарбияро эътироф мекард, вале ба муносибатҳои иҷтимоии давр вобаста будани талабот ва қоидаҳои ахлоқро фаҳмонида натавониста, онро аз табиати фитрӣ ва хулқи инсон медонист:
Зи лавхи рӯи кӯдак метавон ёфт,
Ки бад ё нек бошад дар бузургӣ.
Бинобар ин вақте ки Саъдӣ фазилат ё иллатҳои ахлоқии одамонро муҳокима мекард, маншаи онро аз шафоитҳои ҷамъияти замони худ намеҷуст. Саъдӣ бо таъсири омилҳои маънавӣ, му- носибатҳои иҷтимоиро бетағйир монда, такмил додани ахлоқро иштибоҳан имконпазир мешумурд. Лекин, қатъи назар аз ҳамаи ниятҳои неки мутафаккир, орзуи одамонро хушахлоқ гардондани вай иҷронашаванда буданд: мисли ҳамин дар шароити ҷамъияти истисморӣ ҷорӣ шудани панди Саъдӣ: «Ҳар бад, ки ба худ наме- писандӣ, Бо кас макун, эй бародари ман» умеди беҳосил ва хаёлоти ботил буд. Ин маҳдудияти ғоявии Саъдӣ дар гуманизми ӯ ошкортар аст. Аз рӯи раҳму шафқат ба халқ, Саъдӣ роҳеро меҷуст, ки ба қадре вайро аз эҳтиёҷоти моддӣ ва зиндагии ҳақирона раҳонад. Вале ӯ мисли дигар мутафаккирони асри миёна роҳи дурусти амалӣ гардондани идеалҳои гуманистиро намеёфт. Бо вуҷуди ин ӯ тавонист, ки ба моҳияти ҳодисаҳои мураккаби ҷамъиятӣ сарфаҳм рафта, сабаби бадбахтиҳои иҷтимоиро дар истисмори бенавоён бинад:
Ҳаромаш бод бадахди бадандеш,
Шикам пур кардан аз паҳлуи дарвеш.
Шикам пур заҳри мораш боду каждум,
Ки роҳат хоҳад андар ранҷи мардум.
Қатъи назар аз ин Саъдӣ тасаввур мекард, ки бо панду насиҳат дар дили ҳокимону сарватмандон нисбат ба аҳволи тоқатфарсои мардуми муфлису қашшоқ ҳиссиёти тараҳҳуму ғамхорӣ бедор намуда, онҳоро инсондӯст ва хайрхоҳ кардан мумкин аст.
Оромгоҳи Саъдӣ дар Шероз.
Аммо ӯ медид, ки аҳли сарват ба бечорагон на ин ки саховате надоранд, балки зиндагии муфлисонаи онҳо тавонгаронро ҳатто дар ташвиш ҳам намеандозад. Саъдӣ ниҳоят, донист, ки ба хайрхоҳшо накӯкории аҳли ҷоҳ умед бастан хатост, чунки —«худовандони ҳимматро карам нестӣ» ва «тавонгаронро пои иродат шикаста» аст. Сифатҳои олии ахлоқ, ба фикри Саъдӣ, хоси халқи меҳнаткаш аст, вале мутаассифона, бенавоёни ҳимматбаландро «дасти қудрат баста аст», зеро «ба даст андар дирҳам нест». Барои ҳалли ин зиддият шои- ри носеҳ, аз як тараф, ба аҳли сарват маслиҳат медиҳад, ки дар ҳаққи бечорагон некӣ кунанд, аз тарафи дигар, ба бечорагон насиҳат меку- над, ки «наэар ба савоби онҳо» (давлатмандон) накунанд ва аз орҳо чи- зе тамаъ нанамоянд. Аммо Саъдӣ дар ақидаҳои ахлоқии ҳуд эътироз ва ғазаби мардуми аз истисмори феодалӣ азияткашидаро ифода намуда, ҳамоно иддаои бенавоёни истисморшавандаро нисбат ба моликияти сарватмандон ҳақ мебарорад:
Пеши дарвешон бувад хунат мубоҳ,
Гар набошад дар миён молат сабил.
Валекин дар таълимоти адиби мутафаккир ғояи ҳақ баровардани мубориза нуфуз надорад. Ӯ дар асарҳояш одами меҳнаткашро на муборизи ҳақталаб, балки асосан азияткаш ва са- зовори тараҳҳум тасвир кардааст. Гуманизми Саъдӣ бо таълимоти хайрияти умум, ки рафоҳияти тамоми табақаҳои иҷтимоиро тарғиб мекард, муштарак нест. Саъдӣ, баръакси бисёр намояндагони афкори иҷтимоию ахлоқии гузашта ба ҳамаи одамон, ки дар ҷараёни муносибатҳои ҷамъиятӣ мавқеи гуногун доштанд, баробар хайрхоҳ набуд. Танҳо тақдири халқи меҳнаткаши муфлис ӯро ба изтироб меовард. Саъдӣ дар муроҷиате, ки ба сарватмандон навиштааст, дар назди онҳо барои таъмини зиндагии осудаҳолонаи халқи меҳнаткаш талаби аниқ мегузорад: «Дарвеши заифҳол- ро дар хушкии тангсол мапурс, ки чунӣ, илло ба шарти он ки марҳами решаш биниҳӣ ва маълуме пешаш». Инак, меъёри ҳақиқии одамият, яъне гуманизм барои Саъдӣ «раҳм бар бечорагон овардан аст». Аз ҳамин мавқеъ мутафаккир ба амирону вазирон гуфтааст, ки раҳмдил шаванд ва ғамхори бечорагон бошанд. Ҳамин тавр, насиҳатгари бузург бар хилофи ҷудоию фарқи табақотии одамон, ки хоси ҷамъияти феодалӣ буд, ғояи зотан баробар будани одамонро пеш мегузошт. Саъдӣ бо ин иқдомаш, ҳарчанд дар пероҳани динӣ бошад ҳам (эътирофи баробарии ҳамаи мӯътакидон дар назди худо) қадри намояндагони табақаҳои ҳокимро, ки дар давраи феодализм гӯё ашхоси баргузидаи ҷамъият буданд, то андозае паст мезад. Вале Саъдӣ, бо вуҷуди эъти- рофи баробарии аслии одамон ва маҳкум намудани ҷабру зулми феодалон нобаробарии иҷтимоиро ҳодисаи комилан муқаррарӣ мепиндошт. Шарҳи яктарафа ва хеле ноқиси гуманизм ба Саъдӣ имкон надодааст, ки моҳияти адолатро дуруст ва амиқ дарк намояд. Ӯ асосҳои иҷтимоии ин масъалаҳоро, ки аз шароити таърихии замони феодализм сар мезаданд, ошкор карда натавониста, ҳимояи ман- фиати оммаи бенаво ва муқаррар намудани муносибатҳои мӯътадили байни одамонро монанди пешгузаштагонаш ба шоҳи одилу оқил вобаста медонист. Ба гумони ӯ давлате, ки шоҳи одил дорад, мувофиқи ақлу инсоф кор бурда, ба ҷабру зулм роҳ намедиҳад ва хайрияти халқи меҳнаткашро меъёри сиёсати худ қарор медиҳад. Саъдӣ шоҳро посбопе мешумурд, ки халқро аз таҳдиди душманон муҳофизат мекунад. Саъдӣ ақида дошт, ки «Мулук аз баҳри раият аст, на раият аз баҳри тоати мулук», чунки «бе вуҷуди раият подшоҳӣ мумкин нест», пас «раият чун беханду султон дарахт», ё худ «подшо- ҳон саранду раият ҷасад». Аз ин рӯ, агар шоҳ дар роҳи хайрияти раият наандешида, баръакс ба вай зулмро раво бинад, «пойдевори мулки хеш биканад». Пас, «подшоҳи золим душмани давлат аст». Нест кардани золимонро ӯ шарти муҳими аз дасти ситам раҳонидани раият мепиндошт. Аммо Саъдӣ номуташаккилию нотавонии оммаи халқро дар мубориза ба муқобили зӯрдастони замон пай мебурд ва ба камбағалон маслиҳат медод, ки «бо шерон наҷанганд», зеро «панҷа ба шеру мушт ба шамшер задан кори хирадмандон нест». «Ҳар кӣ бо бузургон ситезад, хуни худ бирезад», зеро «тиҳидастонро дасти далерӣ баста аст ва санҷаи шерӣ шикаста». Чунин бесуботӣ ва тамоюли созишгаронаи таълимоти ахлоқии Саъдӣ зодаи фитрат ва хусусияти хулқи шахсияти ӯ набуда, ифодаи маънавии нотавоноии он табақаҳои иҷтимоии ҷамъият аст, ки шоири мутафаккир тарафдор ва ҳомии манфиатҳои ҳаётии онҳо буд. Этикаи Саъдӣ аз тартиботи мавҷудаи ҷамъиятӣ норозӣ будани омма, нисбат ба ҷабру зулми давлатмандон қаҳру ғазаб кардани онҳо, ба муқобили истисмори бераҳмонаи феодалӣ рӯҳияи эътироз доштани халқи мазлумро таҷассум менамояд. Саъдӣ инсонпарвари бузург аст. Вай дар таърихи адабиёти форс- тоҷик ягона суханварест, ки дар асарҳои реалистиаш зиддиятҳои иҷтимоии замон ошкору барҷаста инъикос ёфтаанд. Ҳамин ошкоргӯӣ ва ҳақиқатнигорӣ, ки ба тафаккури бадеии Саъдӣ хос буд, инчунин ғояҳои инсонпарварӣ ва адолатхоҳии осори ӯ ба адабиёт ва афкори иҷтимоию ахлоқии давраҳои минбаъда таъсири пурсамар расонд. Суханварони зиёде равияи эҷодии ӯро давом ва ин- кишоф доданд.
Основание: Мунтахаби куллиёт, Сталинобод, 1956; Мунтахаби ғазалиёт, Душанбе, 1979; Бустан, Москва, 1935; Избранное, Сталинабад, 1954; Гулистан. Розовый сад, Москва, 1957; Бустан. Лирика, Москва, 1962;
Адабиёт: Айнӣ Садриддин, Куллиёт, ҷилди 11, китоби 2, Душанбе, 1963; А л и е в Саади и его «Гулистон», Москва, 1958; Брагинский Им 12 миниатюр, Москва, 1966; Кулматов II., Этические взгляды Саади, Душанбе. 1968; х а м о н муаллиф, Ақидаҳои ахлоқии Саъдӣ, Душанбе, 1981 Н. Қулматов, Н. Қаҳҳорова.

Инчунин кобед

dnevnik

САФАРНОМА

САФАРНОМА – як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуpаштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …