Маълумоти охирин

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он як ва баъзан якчанд майитро дафн мекарданд; 2) осори меъморист, ки барои абадӣ гардонидани хотираи ин ё он шахс ба болои қабраш бунёд мекунанд. Сағонаро аз хишти пухта ё санг сохта бо кандакорӣ ва нақши катибавӣ оро медиҳанд; ду паҳлӯяш равоқмо- нанд мешавад.
Ба болои гӯр гузоштани сутунчаи чӯбӣ ё сангӣ ҳанӯз дар давраи пеолит ҷорӣ шудааст. Дар Юнони Қадим ба болои гӯр муҷассама, сутуни катиба ё тасвирдор мегузоштанд. Дар асрҳои миёна бо афзудани нуфузи масеҳият европоиён ба ҷои сутунчаҳо ба болои қабр салиб мегузоштагӣ шуданд. Дар Европаи Ғарбӣ аз асри 11 ба болои қабр гузоштани сандуқи холии сангӣ ё биринҷӣ маъмул гашт. Дар Кавказ асрҳои миёна тахтасанги кандакоришуда мегузоштанд. Дар Хитой, ки аввалҳо тахтасангро ба таври амудӣ гузошта, дар рӯи он номи шахсро меканданд, дертар сохтани деворҳои ёдгорӣ маъмул гардид. Дар замони Эҳё ҷои Сағонаро мақбара гирифт. Асрҳои 17—18 катибанависӣ расм шуд. Дар нимаи дуюми асри 19 — ибтидои асри 20 ба Сағона сурати мадфунро мегузоштанд. Ҳоло дар Сағона бештар акси маиитро медиҳанд.
Дар Осиёи Миёна ба болои қабр бино намудани Сағона а-қои 14—15 васеъ пақн гашт. Онро асосан аз хишти пухта сохта, аз пешаш лавҳа мегузоранд. Лавҳаро бештар аз мармари сиёҳ ё хокистарӣ сохта, бо нақшунигор ва катибаҳо оро медиҳанд. Дар лавҳаи Сағона ном, куния, таърихи таваллуд ва вафоти мадфун навишта мешавад. Сағонаи болои қабри Темур, Сағонаҳои рӯи қабри хонадони Темуриён, Сағонаи дахмаи Шайбониён бо ороиши худ диққатҷалбкунандаанд. Дар баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла водии Фарғона, майитро даруни Сағона мегузоранд. А. Валиев.

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …