Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ (ба забони русӣ – “брак” ), дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои техниқию нормативӣ сифатан мувофиқат намекунад. Сақати истеҳсолии ислоҳшаванда ва ислоҳнашаванда вуҷуд доранд. Сақати истеҳсолии ислоҳшаванда маҳсулотест, ки ислоҳпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқу безарар аст.

Курсии Сақатшуда
сурати курсии сақатшуда

Сақати истеҳсолии ислоҳнашаванда мақсулотест, ки бартараф намудани нуқси он имконнопазир ва ё аз ҷиҳати иқтисодӣ зарарнок аст. Чунин маснуот партовҳои истеҳсолӣ мешаванд. Нодуруст танзим кардани дастгоҳ, дуруст кор накардани таҷҳизот ва асбоб, дар ҳуҷҷатҳои техникию нормативӣ ва нақшаҳо ба хатоӣ роҳ додан сабаби Сақати истеҳсолӣ шуда метавонад.

Ба талаботи техникӣ мувофиқат накардани сифати маҳсулот (андозаи нодуруст, вайронкунии қоидаҳои истеҳсоли маҳсулот) нишонаи Сақати истеҳсолӣ мебошад. Ошкоркунии Сақати истеҳсолии ба ӯҳдаи коргарон, устоҳо ва коргарони шӯъбаи назорати техникӣ гузошта шудааст. Ҳаққи меҳнати Сақати истеҳсолӣ вобаста ба дараҷаи сифати маҳсулот ва айби коргар дода мешавад.

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …