Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЗИШВОРИИ ЯДРОӢ

СУЗИШВОРИИ ЯДРОӢ

s-yadroi

СУЗИШВОРИИ ЯДРОӢ моддаеро гӯянд, ки дар реактори ядроӣ барол ҳосил кардани энергия истифода мешавад. Аз изотопҳои табии танҳо 235U Сузишвории ядроӣ мебошад, ки ҳатто бо таъсири нейтронҳои ҳароратӣ (нейтронҳои энергияашон ҳамаги 0,025 эВ) пора шуда метавонад. Дар натиҷаипора шудани як ядрои 235U ~ 200 МэВ (е худ аз 1 кг 235U-и беғаш 5∙1026 МэВ) энергия хориҷ могардад. Ядроҳои 238U танҳо дар натиҷаи фурӯ бурдани нейтронҳои энергияҳои Еп0,92 МэВ пора шуда метавонанд. Сузишвории ядроиииборат аз235U-и беғаш ё ядроҳои дигари ба он монандро сӯхтании ядроӣ мегӯянд (мафҳуми «Сузишвории ядроӣ» дар баробари сӯхтании ядроӣ ядроҳои дигар дошта метавонад). Изотопи «арзони» уран 238U ва инчунин изотопи 23290Тh дар натиҷаи фурӯ бурдани нейтрон ва табдилоти минбаъда ба ядроҳои порашавандаи 23994Pu(аз 238 92 U) ва 23392U (аз 23290Th( яъне ба сӯхтани ядроӣ табдил ёфта метавонанд. Реактори ядроии сареънейтрони Сузишвории ядроиашон уран ва плутоний он қадар плутонйи 239 Pu тавлид карда метавонад ки миқдори он назар ба миқдориСузишвории ядроии сарфшуда хеле зиёд (вобаста ба шароити кори реактор то 1,6 маротиба) буда метавонад. Бартарии асосии реакторҳои сареънейтрон маҳз ҳамин аст.        С. Қодирӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …