Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЗАНИИ САМАРҚАНДӢ

СУЗАНИИ САМАРҚАНДӢ

СУЗАНИИ САМАРҚАНДӢ Ҳаким Шамсуддин Муҳаммад ибни Масъуд (байни солҳои 1091 —93, Насаф, ҳозира Қаршӣ —1173, Самарқанд), шоири форс-тоҷик. Дар ҷавонӣ аз зодгоҳаш барои таҳсил ба Бухоро рафт. Баробари касби улум бо доираҳои ҳунармаидии шаҳр низ робита пайдо карда, пешаи сӯзангариро омӯхт. Ба шеъргӯй ҳангоми таҳсили мадраса щурӯъ кардааст, вале аз ашъори дар ин давра эҷодкардаш ӯ дар девонаш осоре нест. Ба умеди шӯҳрат дар сухансароӣ ба маркази адабии он давр— Самарқанд раҳсипор гардид. Вай бо баъзе амалдорони Девони давлатӣ робита пайдо карда, онҳоро дар қасидаҳояш васф намудааст. Баъди ба дасти султон Санҷар (ҳукмронӣ 1116—57) гузаштани ихтиёри ҳукумати қарохонии Самарқанд (соли 1130) Сузании Самарқандӣ бо кӯмаки мамдӯҳон ва дӯстони мансабдори худ девондори давлатӣ таъин, вале бо тӯҳмати ҳасудон аз ин вазифа маъзул гардид.
Аз Сузании Самарқандӣдевони ашъор боқӣ мондааст, ки нусхаи комили он дар китобхонаи Калкатта (Ҳиндустон) маҳфуз буда, қариб 12 ҳазор байтро дар бар мегирад. Якчанд нусхаи нисбатан хурдтари девони шоир дар китобхонаҳои СССР ва Эрон маҳфузанд. Девони комилиСузании Самарқандӣ дар Эрон солҳои 1960 ва 1966 ба табърасидааст. Ашьори девони Сузании Самарқандӣ дар навъҳои маъмули назми давраи ӯ— қасида, қитъа, ғазал, рубоӣ, мусаммат ва ғайра навишта шудаанд, вале онҳо ба мундариҷа ва мазмуни худ аз ашъори шонрони дигар фарқ мекунанд. Дар ин девон ашъори ҳаҷвию мутоибавӣ мавқеи калон дорад. Дар эҷодиёти Сузании Самарқандӣ тамоюли ҳаҷвию мутоибавии адабиёти шаҳр дар се навъ шеър — ҳаҷви шахсӣ, ғазали мутоибавӣ ва нақиза (пародия) инкишоф ёфтааст. Сузании Самарқандӣ, ки эҷодиёташ асосан берун аз дарбор ҷараён гирифта, бештар бо муҳити шаҳр ва табақаҳои меҳнатӣ алоқаманд буд, дар ҳаҷву мутоиботи зоҳиран «қабеҳ»-и худ маданияти хандаву истеҳзои халқ, хушҳоливу зиндадилии мардумро ифода намудааст. Бештари ҳаҷвиёти Сузании Самарқандӣбо санъаткорон ва маҳорати баланди адабӣ навишта шудаанд. Дар онҳо Сузании Самарқандӣ устоди хаҷв будани худро собит кардааст. Қисмати муайяни ашъори Сузании Самарқандиро ашъори ҳунармандӣ ташкил карда, дар онхо тасвири лаҳзаҳои меҳнат ва ҳаёти хосаи аҳли пешаву ҳунар мушоҳида мешавад. Сузании Самарқандӣмафкураву чаҳонбинии табақаи ҳунармандонро низ ифода намудааст. Дар шеърҳоихуд ҳукуматдоронро пайваста ба адлу инсоф ва тараҳҳум нисбат ба омма ташвиқ намуда, ба муқобили баъзе золимони халқ қиём кардани ӯ аз мафкураи гуманистӣ ва зиддиистибдодии табақаи ҳунармандон сар задааст.
Адабиёт: Саъдиев С., Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанди асри XII, Душанбе, 1974.
С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …