Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЗИШВОРИИ РЕАКТИВӢ

СУЗИШВОРИИ РЕАКТИВӢ

s-raketi

СУЗИШВОРИИ РЕАКТИВӢ, сӯзишвориест, ки дар муҳаррикҳои реактивии авиационӣ ястифода мешавад. Ба сифати Сузишвории реактивӣ маъмулан фракцияҳои карасиндори нефтҳои камсулфур (масалан, сӯзишвории тамғаи—Т-1) ва серсулфур (ТС-1)-ро истифода мебаранд. Муҳимтарин нишондиҳандаҳои Сузишвории ракетивӣ зичӣ ва гармии сӯзиш мебошад, ки дурии парвозро муайян мекунанд. Сузишвории ракетивӣбояд дар ҳароратҳои баланд вайрон нашавад, махсусан дар самолётдои фавқуссадо, ки дар бакҳои он сӯзишворӣ то 150— 200°С ва беш аз он гарм мешавад. Инро бо роҳи азғашҳои ғайрикарбогидридӣ (пайвастҳои сулфурдор, нитрогендор, оксигендор) тоза намуданл сӯзишворӣ (масалан, бо роҳи коркарди гидрогении он) ба даст меоранд. Бо мақсади баланд кардани босаботии сӯзишворӣ ба навъҳои софшудаи он антиоксидантҳо (то 24 мт/л) ва деактиваторҳои металл (6 мл/л) илова мекунанд. Дар таркиби Сузишвории ракетивӣинчунин оби халшуда (дар ҳарорати муқаррарӣ то 0,008—0,01 %) ҳаст, ки боиси коррозияи электрохимиявии аппаратураҳои гармӣ ва пайдоиши яхчи шуда метавонад. Барои ҳамин ба таркиби Сузишвории ракетивӣ гибторҳои коррозия (10—45 мг/л) ва иловаҳои зиддияхбандӣ (0,1— 0,3% -и ҳаҷм) ҳамроҳ мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …