Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУФИИ МОЗАНДАРОНӢ

СУФИИ МОЗАНДАРОНӢ

СУФИИ МОЗАНДАРОНӢ Мавлоно Муҳаммадюсуф (соли таваллуд номаълум — вафот 1625, Аҳмадободи Гуҷарот), шоири форсизабони Ҳиндустон.
Аз Суфии Мозандаронӣ тақрибан 4 ҳазор байт (ғазал, қасида, рубоӣ) боқи мондааст. Суфии Мозандаронӣдар тазкираи «Майхона» ҳамчун муаллифи соқинома зикр шудааст. Соқиномаи ӯ яке аз беҳтарин соқиномаҳо дар адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад. Тазкирае ояд ба шоирони форсизабон бо номи «Бутхона» ба қалами Суфии Мозандаронӣмансуб аст.
Дар ашъори Суфии Мозандаронӣмавзӯъҳои анъанавии адабиёти форс-тоҷик (ишқ, ғами ҳиҷрон, ҷудоӣ, панду насиҳат ва ғайра) ба назар мерасанд. Дар эҷодиёти ӯ афкори озодандешӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ баъзе муосиронаш уро кофир хондаанд. Намунаҳо аз эҷодиёти Суфии Мозандаронӣ:
Маро ба вақти ҷудоӣ чу шамъ мурдан беҳ,
Ки зинда монаму бе дӯст бингарамҷоро.

Ба ҳар ҷо ҷӯшад обе аз дили хок,
Магӯ чашма, ки чашми гирянокест.
Шикофи ҳар заминеро, ки бинӣ,
Гиребонпорае ё синачокест.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …