Маълумоти охирин
Главная / Илм / РУТЕНИЙ

РУТЕНИЙ

РУТЕНИЙ (лотинӣ Ruthenium), Ru, элементи химиявии гурӯҳи VIII сис-темаи даврии Менделеев, рақами атомиаш 44, массаи атомиаш 101, 07. Якҷоя бо дигар металлҳои платинӣ вомехӯрад. Якчанд минералҳои Рутиний аз ҷумла осмит, ауросмирид, лаурит ва ғайра маъ¬луманд. Рутиний металли сафеди нуқрагун, душворгудоз ва ниҳоят мустаҳкам аст; t гуд.

rutenij-metall
Рутинийро асосан аз коркарди металлҳои платинӣ ҳосил мекунанд. Хулаҳои Рутинийро бештар барои сохтани перои хатнависӣ, деталҳои ғайримагнитии асбобҳо, сим, контактҳо, элек¬тродҳо, ҷавоҳирот, зарфҳои лабораторӣ ва ғайра истифода мебаранд. Вай дар просессҳои синтези карбогидридҳои дарозсилсила, гидрогенонӣ ва ғайра низ истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …