Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РУТБАИ ҲАРБӢ

РУТБАИ ҲАРБӢ

РУТБАИ ҲАРБӢ, унвоне, ки ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ӯҳдадорони ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ дода мешавад. Ҳангоми рутба додан вазифаи хизматчиёни ҳарбӣ ва тайёрии ҳарбию шахсии онҳо, ба кадом навъҳои қӯшун тааллуқ доштан ва хизматҳои шоистаи шахсон ба назар гирифта мешаванд. Асрҳои 15—16 баробари ташаккули армияҳои мунтазам Рутбаи ҳарбӣ ба вуҷуд омад. Дар Рос­сия миёнаи асри 16 дар қӯшуни стрелетсҳо бори аввал Рутбаи ҳарбӣ ҷорӣ гашт: стрелетс, десятник (даҳбошӣ), пяти­десятник (элликбошӣ), сотник (юзбошӣ), полуполковник (понсад), фармондеҳ — сардори полк ё ки пол­ковник, воевода — сардори тамоми қӯшуни стрелетсҳои шаҳр ё музофот. Баробари аз қӯшуни стрелетсҳо рафтани хизматчӣ рутбааш бекор мешуд. Ҳайати фармондеҳии «полкҳои сипоҳи аҷнабӣ» ва хориҷиёне, ки дар сафи армияи рус хизмат ме­карданд, Рутбаи ҳарбӣ навъи Европаи ғарбиро доштанд (прапоршик, поручик, капитан ё ротмистр дар қӯшуни савора, майор, подполковник, полковник, генерал-бригадир, генерал- майор, генерал-поручик, генерал).

Охири асри 17-аввали асри 18 Пётри I ба ар­мияи мунтазами ташкил намудааш Рутбаи ҳарбии ягонаи навъи Европаи ғарбиро ҷорӣ намуд, ки он то соли 1917 вуҷуд дошт.

Декрети Ҳукумати Советӣ аз 16 декабри соли 1917 рутбаҳо, унвонҳои кӯҳна, титули асилзодагонро барҳам дод. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар армия ва флот командиронро аз руи вазифаашон ном мебурданд: сардори взвод, рота, ба­талон, полк, дивизия ва ғайра. Мувофиқи қарори КИМ ва СКХ-и СССР дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР 22 сентябри 1935 Рутбаи ҳарбии зерин ҷорӣ шуд. (Маршали Иттифоқи Советӣ низ бо ҳамин қарор ҷорӣ шуд):

Барои ҳайити ҳарбию техникии қӯшуни хушкигард ва ҚҚҲ бо қарори КИМ ва СКХ СССР аз 22 сентябри 1935

20180301_211735

Рутбаи ҳарбии техники ҳарбии рутбаи 2 ва 1, инженери ҳарбии рутбаи 3,2 ва 1, инженери бригада, инженери дивизия, инженери корпус, инженсри ар­мия; дар ФҲБ: техники ҳарбӣ ва инженери ҳарбии мисли қӯшуни хушкигард, инчунин ба ҳайати олии инженерӣ инженер-флагманхои рутбаи 3 ва 2 ва 1, инженер-флагмани флот; дар ҳайати ҳарбию хоҷагӣ ва маъмурии тамоми навъҳои қӯшун: техник-интенданти рутбаи 2 ва 1, интендантҳои рутбаи 3 ва 2 ва 1, нитенданти бригада, интенданти дивизия, интенданти корпус, интенданти ар­мия; дар ҳайати ҳарбии тиббӣ ва ҳарбии ветеринарӣ, ҳайати ҳарбии ҳуқуқӣ низ Рутбаи ҳарби муқаррар карда шу­да буд. 7 майи соли 1940 барои ҳайати олии фармондеҳии Армияи Сурх ва ФҲБ рутбаҳои генералӣ ва адмирал ва 2 ноябри 1940 барои ҳайати командирони хурд Рутбаи ҳарбии ефрейтор, сержанти хурд, сержант ва сержанти калон ҷорӣ карда шуд. Солҳои 1942—1943 Рутбаи ҳарбии ягонаи шахсӣ муқаррар гардид. Президиуми Советӣ Олии СССР аз 16 январ ва 9 октябр 1943 бо укази худ Рутбаи ҳарбии Сармаршалҳо ва маршалҳои авиатсия, артиллерия, танкҳои зиреҳпӯш, қӯшуни инженерӣ ва қушуни алоқаро ҷорӣ кард. 26 июни 1945 Президиуми Советӣ Олии СССР унвони олии ҳарбӣ — Генералиссимусро муқаррар намуд. 3 марти 1955 бо Укизи Президиуми Совети Олии СССР унвони олии ҳарбӣ дар ФҲБ — Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ ҷорӣ шуд, рутбаи адмирали флот бекор гардид (28 апрели 1962 боз барқарор шуд).

Рутбаи ҳарбии аскари қаторӣ, матрос, еф­рейтор (матроси калон), сержант, старшина, прапоршик, мичманро вазири мудофиаи СССР муайяи мекунад; Рутбаи ҳарбии ҳайати офитсерони хурд ва калонро аз рӯи тартибе, ки Сове­ти Вазирони СССР муқаррар кардааст, медиҳанд; Рутбаи ҳарбии генералҳоро (ба генерали армия ва адмирал низ) Совети Вазирони СССР медиҳад. Рутбаи ҳарбии маршали навъҳои қӯшунҳо, адмирали флот, Сармаршали навъҳои қӯшун, Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ, Генералиссимуси Иттифоқи Советиро Президиуми Совети Олии СССР медиҳад.

Дар армияҳои мамлакатҳои сотсиалистӣ-иштирокчиёни Шартномаи Варшава Рутбаи ҳарбӣ бо рутбаҳое, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР муқаррар шудаанд, асосаи монанданд ва баъзе тафовутҳо ҳам доранд.

Рутбаи ҳарбии хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар соли 1980.

(ниг. Нишонҳои ҳарбй)

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …