Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ

РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ

РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ, унвоиҳои махсусеанд, ки ба коркунони дипломатӣ дода мешаванд. Система ва тартиби додани Рутбаҳои дипломатиро қонунгузории ҳар як давлат ба тартиб меандозад. Дар аксар давлатҳо Рутбаҳои дипломатии зерин маълуманд: сафир, намоянда (элчӣ), машваратчӣ, котибони якум, дуюм, сеюм ва атташе. Рутбаҳои дипломатӣ дар Конгресси Вена қабул гардид; дар Конгресси Ахен (соли 1818) вай андаке тағйир дода шуд. Мувофиқи регла¬мент ва қарори конгресси мазкур Рутбаҳои дипломатӣ ба 4 дараҷа (рутба) тақсим мешаванд: 1) сафири фавқулода ва мухтор; 2) намоянда ё вазирони мухтор; 3) вазирон — резидентҳо; 4) вакили мухтор.
4 июни соли 1918 мувофиқи декрети СКХ РСФСР Рутбаҳои дипломатии кӯҳнаро ба рутбаҳои нав иваз карданд. Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 9 майи 1941 барои коркунони дипло¬матии СССР дар хориҷа рутбаҳои сафири фавқулода ва мухтор, вакили фавқулода ва мухтор, намояндаи (вакили) мухтор; бо укази дигар, аз 28. 5. 1943 барои коркунони дипломатии Комиссариати Халқии Корҳои Хориҷии СССР, сафоратхона ва миссияҳои СССР дар хориҷа Рутбаҳои дипломатии дигар — машваратчиёни дараҷаи 1 ва 2, котибони якуми дараҷаи 1 ва 2, котибони дуюми дараҷаи 1 ва 2, котиби сеюм ва атташе таъсис карда шуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …