Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУСТАВЕЛИ Шота

РУСТАВЕЛИ Шота

РУСТАВЕЛИ Шота (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири гурҷии асри 12, муаллифи достони «Палапгинапӯш». Оид ба тарҷумаи ҳоли Руставели маълумоти аниқ кам боқӣ момдааст. Маълумоти асосӣ пешгуфтори достонаш аст, ки ба малика Тамара (1184— 1213) ва шавҳари ӯ Довуди Сосланӣ бахшида шудааст. Аз ин маълумот бармеояд, ки Руставели тақрибан байни солҳои 60 —70 асри 12 таваллуд ёфтааст. Дар пешгуфтор муаллифи достон Руствели, Руставели (яъне аз Рустави ё ҳокими Рустави) ду маротиба ёд шудааст. Номи шоир — Шота дар ёдгориҳои алабии асри 13 дучор меояд. Ба ақидае Руставели хазинадори Тамара будааст;
ӯ инчунин дайри гурҷро дар Байтулмуқаддас тармим карда буд. Дар яке аз деворҳои дайр нақше ёфт шудааст, ки аз рӯи тахмини олимон сурати Руставели мебошад.
«Палангинапӯш» яке аз бузургтарин достонҳои адабиёти ҷаҳон аст. Персонажҳои он намояндагони халқҳои гуногунанд. Руставели пардапӯшона воқеияти ҳамондавраи Гурҷистонро ба таври бадеӣ тасвир кардааст. Дар достони ду ҷараёни инкишофи воқеаҳо яке ҷараёни ҳиндӣ — Тариэл ва Нестан-Дареҷон (Нестандарҷаҳон)
ва арабӣ — Автандилу Тинатин омезиш ёфтааст. Тасвири мӯҳташами ҳолатҳои рӯҳии қаҳрамонҳо, назарандозӣ ба моҳияти ҳодисаҳо асоси навоварии Руставели ҳисоб меёбад. Қаҳрамонони достон образи ҷомеъ ва тапии одамони пешқадами Гурҷистони феодалии асри 12 мебошанд, ки барои ғалабаи бахту ҳақиқат ҷасурона мубориза мебаранд. Муборизаи се пахҳлавон барои озод кардани Нестан- Дареҷон барор мегирад. Ғояи ҳаётдӯстӣ, ғалабаи ҳақиқат бар бедодгарӣ, некӣ бар бадӣ дар маркази достон меистад.
Достони Руставели суруди мутантани ишқи поку озоди заминист. Образи зан бо тамоми сифатҳои маънавӣ ва баробарҳуқуқияш бо мардон тасвир шудааст. Баъзе олимон мӯътақиданд, ки гӯё мавзӯи дӯстӣ ва бародарӣ дар достон аз мавзӯи ишқ бартарӣ дорад ва ҳол он ки паҳлавонҳои Руставели маҳз барои ишқ ва муҳофизати он ҳамдигарро бародар хондаанд. Бинобар ин ду мавзӯъ дар достон баробарарзиш acт. Руставели инчунин ғояи давлати ягонаи тавоноро, ки сарвараш подшоҳи доною инсондӯст бошад, тарғиб намудааст. Шоир истибдоди феодалиро маҳкум ва ҳаёти оқилонаю мардонагии инсонро ситоиш менамояд. Қаҳрамонҳои ӯ аз марг наметарсанд ва ба дурӯяҳо, тарсончакҳо, хиёнаткорон муқобиланд.
Руставели дар адабиёти ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда ҳаёти тоҷиронро реалистона тасвир кард ва ба он зиндагии ҷавонону мардони шуҷоъро зид гузошт. «Палангинапӯш» бешубҳа, бо баъзе романҳои дайрии Европаи Ғарбӣ ва достонҳои эпикии романтикии Шарқи асрҳои миёна (махсусан «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) шабоҳат дорад, вале он на тақлидӣ маҳз, балки асари навоварона мебошад. Руставели чун инсондӯсти бузург озодии шахс, озодии фикру ҳиссиётро бар зидди ахлоқи динӣ, итоаткорӣ ба тақдир, мегузорад ва ба ин васила орзую идеалҳои халқи худро ифода мекунад, аз ин ҷост, ки ғояи асари ӯ аҳамияти умумиинсонӣ дорад. Руставели бо озодфикрияш ғояи башардӯстии давраи аввали Эҳёро дарк намуд ва дар натиҷаи омӯзиши маданияти қадимаи хаттӣ ва анъанаҳои беҳтарини фолклорӣ назми гурҷиро ба
пояи баланд бардошт. Достон бо сабки равону забони пуробуранг на¬вишта шудааст. Руҷӯъҳои лирикии асар ба сюжети асосӣ халал нарасонида, баръакс онро зинат медиҳанд. Руставели асосгузори забони нави адабии гурҷӣ ба шумор меравад.
Бештар аз 50 нашри гурҷии «Па¬лангинапӯш» вуҷуд дорад. Нашри аввалини он бо таҳриру тавзеҳоти Вахтанги VI соли 1712 дар Тифлис сурат гирифт. Достон ба бисёр за¬бонҳои хориҷӣ ва халқҳои СССР тарҷума шудааст. Ба забони тоҷикӣ баъзе қисмҳои он дар охири солҳои 30 тарҷума гардида, соли 1979 дар шакли мукаммал (тарҷумаи А. Адҳам) аз чоп баромад.
Ос.: Паҳлавони пӯсти палангпӯш, Д., 1966; Палангинапӯш, Д., 1979.
Ад.: Цаишвили С.. «Витязь в тигювоИ шкуре» Шота Руставели, М.. 1966; (онрад Н., «Витязь в тигровой шку¬ре» н вопрос о ренессансном романтиз¬ме, дар кит. ӯ: Запад и Восток, М., 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …