Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУСТАМОВА Зебуннисо

РУСТАМОВА Зебуннисо

РУСТАМОВА Зебуннисо (таваллудаш 29. 1. 1955, шаҳри Душанбе), варзишгари советии тоҷик. Устоди Хизматнишондодаи Спорти СССР (1975), чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ (1975). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1975. Факултети таъриху филологияи тоҷики Институти давлатии педаго¬гии Душанберо хатм карда (1976) дар кафедраи пси¬хология ба кор монд.

ze-rustamo

Рустамова аз солҳои студентӣ дар стадиони «Динамо» таҳти роҳбарии Тренери Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон В. Г. Пряхин оид ба камонварй машқ мекард. Аз соли 1974 ҳамчун аъзои командаи яккачини камонварони СССР дар мусобиқаҳои калони байналхалқи ва чемпионатҳо иштирок мекунад. Чемпиони СССР (1975, 1976, 1977) ва дорандаи мукофотҳои байналхалқию олимпист. Иштирокчии Бозиҳои XXI олимпӣ дар Монреал (1976, ҷов Ш). С. 1975 дар чемпионати ҷаҳон оид ба камонварӣ дар шаҳри Интерллакени Швейтсария ғолиб баромада, соҳиби медали тилло шуд. Солҳои 1983, 1984, 1985 дар чемпионатҳои умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ (масалан, «Дружба- 84») иштирок намуда, ҷойҳои 2-юмро ишғол кард. Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медальдо мукофотонида шуда-аст. Дар айни вақт инструктори Ко¬митети спортии республика.
Ю. Воҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …