Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУСТАМОВ Шарофиддин

РУСТАМОВ Шарофиддин

РУСТАМОВ Шарофиддин (таваллудаш 1. 5. 1931, деҳаи Нигноти райони Панҷакент), забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1972). Аз оилаи колхоз¬чӣ. Аъзои КПСС аз соли 1955. Институти давлатии педаго¬гии Душанберо тамом кардааст (1954). Солҳои 1954 —1961 дар райони Колхозчиён ва шаҳри Панҷакент муаллим, директори мактаби миёна, муҳаррири газета, котиби комитет иҷроия буд. Солҳои 1961—1964 дар аспирантура таҳсил кард. Аз соли 1964 ходими илмӣ ва аз соли 1976 мудири Шӯъбаи забони ада¬бии ҳозираи тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон. Дар асарҳои илмии Рустамов: «Ҷумлаи пайрави пуркунаиӯнда дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1967), «Забоншиносии тоҷик дар давраи со¬вет» (1967), «Баъзе масъалаҳои синтаксиси забони адабии тоҷик» (1968), «Ҷумлаҳои мураккаб бо пай-рави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1968), «Калимасозӣ ва санъати сухан» (1971), «Категорияҳои грамматикаи исм» (1972), «Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1972), «Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм» (1972), «Таълимоти В. И. Ленин дар бораи забон» (1977) масъалаҳои гуногуни забоншиносии тадқиқ шудаанд. Рустамов яке аз муаллифони китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои миёна), «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (қ-ҳои 1—2, китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ), «Грамматикаи илмии забони адабии ҳозираи тоҷик» мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100- солагии рӯзи таваллуди В. И. Ле¬нин» ва Грамотаи Президиуми Со¬вет Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ос.: Исм, Д, 1981; Забо ва замон, Д., 1981. А . Мирзоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …