Маълумоти охирин

РУСТАМ

РУСТАМ қаҳрамони асосвии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, образи машҳури фолклор» мардуми эронӣ, ки дар байни дигар халқҳои Шарқи Миёна ва Наздик низ шӯҳрат пайдо кардааст. Қиссаву ривоятҳо дар бораи Рустам дар байни мардуми мо дар замонҳои қадим — тақрибан асрҳои 5—4 то мелод вуҷуд доштанд.

shohnoma

Рустам қаҳрамони як силсила достонҳои халқии мардуми сокини Зобулу Систон — сокҳо мебошад, ки ин мардум дар нимаи дуюми ҳазораи 1 то мелод дар ҳудуди ин шаҳрҳо муқим шуда, аввалан ба давлати Ҳахоманишиён вв баъдтар ба давлатҳои дигари ҳукмрони ин ноҳия ва Эрон (Ашкониён, Сосониён) тобеъ будаанд. Мувофиқи ривоятҳои таърихнависони арабу эронӣ сакоиҳо китобе доштаанд ба унвони «Сакасарон» («Сарони сакоиҳо»), ин дар он қиссаву ривоятҳои зиёде дар бораи паҳлавонону ҳукмронони саконҳо ҷамъоварӣ шуда буд [аз ин китоб дар замони зиндагии таърихнависон (асрҳои 9—10) танҳо номе монда буд], ки дар он ривояту достонҳо дар бораи Рустам чун яке аз сарварони сакоиҳо вуҷуд доштанд. Аз қидаму шӯҳрати образи Рустам дар байни халқҳои эронӣ ҳамин нуқта ҳам гувоҳ аст, ки ӯ хамчун паҳлавони зуру тавоно дар осори адабиёти кадими Эрон чун «Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурӣ» номбар шуда¬аст. Ба забони суғдӣ низ якчанд порчаҳои мансурс дастрас гардидаанд, ки дар онҳо аз ҷанги Рустам бо лашкари девон сухан меравад. Досто¬ни Рустам ба асарҳои таърихии исломӣ (пас аз тарҷума шудани осори паҳлавӣ ба забони арабӣ) низ роҳ ёф¬тааст. То давраи таълиф гардидани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба забони форсии дарӣ чанд «Шохнома»-и манзуму мансур ба вуҷуд омада, Рустам яке аз қаҳрамонони марказии ин асарҳо будааст. Аз оғози пайдоиш Рустам образи достонҳову қиссаҳои халқӣ, қаҳрамони дӯстдоштаи мардум буд ва қиссаву ривоятҳо дар бораи ӯ аз даҳон ба даҳон гузашта омадаанд. Фирдавсӣ низ зоҳиран, ба ғайр аз манбаъҳои хаттӣ аз суруду ривоятҳо ва достонҳои халқӣ фаровон истифода кардааст:
Суханҳои Рустам ба ною ба руд.
Бигуфтанд бар паҳлавонӣ суруд.

shohnomaЯке аз манбаъҳое, ки Фирдавсӣ достони Рустамро аз он гирифтааст, «Дафтар»-и Озодсарв ном шахси таърихие мебошад, ки дар асри 10 умр ба cap бурда, қиссаи Рустамро ба хубӣ медонистааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Рустам паҳлавони дӯстдоштаи халқ, ҳомии ватан, рамзи мардонагиву шуҷоат, ҷоннисорӣ дар рохи иҷрои вазифа, ғамхору дастгири дармондагону бенавоён ва ғайра мебошад. Қисми зиёди «Шоҳнома» (сеяки абёти асар, тақрибан 20 ҳазор байт) ба тасвири қаҳрамониҳои ӯ оид аст. Осори паҳлавонӣ ва зуру тавоноии Рустам аз кӯдакиаш зоҳир гардиданд (кушта шудани Пили Сафед ба дасти Рустам). Дар лавҳаҳои зиёде аз қа¬били фатҳи қалъаи Сипанд, овардани Кайқубод аз Албурзкӯҳ ва бар тахт нишонидани ӯ, достони Ҳафт хон, фатҳи Мозандарон ва раҳонидани Ковус аз дасти Деви Сафед, ҷанг бо шоҳи Ҳамоварон ва раҳонидани Ковус аз зиндон, ба тарбия ги¬рифтани Сиёвуш, ҷанг бо тӯрониёи (Афросиёб) ба хунхохии Сиёвуш, Ҷанг бо Ашкбӯс ва Комуси Кушонӣ, ҷанг бо Сӯҳроб ва куштани ӯ, раҳонидани Бежав аз чоҳ, ҷанг бо Исфандиёр ва ғайра. Фирдавсӣ хислату характери Рустамро дар назари хонанда ҷилвагар месозад. Яке аз лаҳзаҳои драматикие, ки дар он образи Рустам чун шахсияти комил ва дорои ҳиссиёти баланд зоҳир мегардад, шинохтани писараш Сӯҳроб аст, ки худаш ӯро бо ҳилаву найранг мекушад. Чунин лаҳзаҳои фоҷиавӣ дар тақдири Рустам чанд бор пеш меояд. Ба¬рои ӯ кушта шудани Сиёвуш ба дасти Афросиёб, кушта шудани Исфандиёр ба дасти худаш ҳамчунин фоҷиа ва носозгориҳои тақдир буданд. Пас аз кушта шудани Исфандиёр Рустам бо макри Пародараш Шағод бо аспаш ба чоҳ афтод, вале аз он
ҷо бо тире аввал Шағодро кушт ва баъд худаш ҷон дод.
Гарчанде Фирдавсӣ асари худро «Шоҳнома» унвон кардааст, дар асл пеш аз ҳама аз ин асар номи Рустам ба ёд меояд. Ҳамчунон ин халқ паҳлавони худро аз шоҳон боло мегузорад, Фирдавсӣ низ Рустамро дар кирдор, гуфтор ва андеша аз ҳукмронон, (махсусан, Ковус) авлотар медонад. Фирдавсӣ дар тасвири Рустам ба мазмуни байт зер содиқ аст:
Ки як ниме аз умри худ кам кунам,
Ҷаҳоне пур аз номи Рустам кунам.
Рустам баробари халқҳои эропинажод, инчунин паҳлавони дӯстдоштаи халқҳои дигари Шарқу Ғарб мебошад. Дар адабиёти қадимии арман (осори адабии асрҳои 5—6) ҳикоёте дар бораи Рустам ба миён омадаанд. Асрҳои 16—17 дар Гурҷистон «Шоҳнома» бо номи «Ростамиани» ба гурҷӣ тарҷума шуд. Ҳикоятҳои халқӣ оид ба Рустам дар байни доғистониён, осетинҳо ва ғайра мавҷуданд. Баъзе лаҳзаҳои афсонаи русии асриҳои 16—17 дар бораи Еруслан Лазаревич [Рус¬там писари Золи Зар(?)] ба саҳнаҳои дар «Шоҳнома» тасвиргардида монанданд. Дар байни халқҳои туркнажод Рустам бобои Афросиёб, ҳимоятгари Тӯрон буда, ба муқобили эрониён меҷангад.
Ад.: Стариков А. А., Фирдоуси и его «Шахнамем, дар кит.; Фирдоуси, Шахнаме, т. 1, М., 1957; Османов М. Н. О., Фирдоуси. Жизнь и творчество, М., 1959; Абулқосими Фирдавсӣ, «Шоҳнома», ҷ-ҳои 1—9, Д., 1984—66.
М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …