Маълумоти охирин

РУШДИЯ

РУШДИЯ (арабӣ) ҷараёни фалсафиест, ки намояндагонаш таълимоти ба материализм моили мутафаккири асри 12 араби андалусӣ Ибни Рушдро (1126—1198) такмил ва инкишоф додаанд. Рушдия абадиляти олам, қонунияти табиии рӯй додани ҳодисаҳо, фанопазирии нафси фардӣ, ба амри зарурат тобеъ будани афъоли одам ва ба донистани ашёву ҳодисаҳои ҷузъӣ қодир набудани худоро эътироф мекунад. Пайравони Рушдия ба воситаи назарияи дугенагии ҳақиқат илмро аз имон ва фалсафаро аз илоҳиёт ҷудо карда, барои аз таъсири дину илоҳиёт раҳонидани илму фалсафа саъй намудаанд. Туфайли ин кӯшишҳо тамоюли зиддиилоҳиёти Рушдия бо таъбири Ф. Эн¬гелс ҳамон «озодфикрии зиндадилона», ки аз арабҳо ба халқҳои ро¬манӣ гузашта, материализми асри 18-ро тайёр карда буд (К. Маркс, Ф. Эн¬гелс. Асарҳои мунтахаб, ҷ. 2 Ду¬шанбе, 1905, саҳ. 60)’, пурқувват rapдид.
Бо таъсири ғоявии Ибни Рушд ҷараёни рушдияи лотинӣ ташаккул ёфт, ки он дар пайвастагӣ бо анъанаҳои маҳаллии аврупоӣ системаи хоссаи материалистиро ба миён овард. Рушдия аз ҳама пештар ба Университети Париж роҳ ёфта, идеологияи ба илоҳиёти расмӣ мухолифро ташаккул дод. Намояндаи барҷастаи Рушдия Сигери Брабантӣ (вафоташ 1282) буд, ки таълимоти ӯро аз мавқеи мазҳаби католикӣ Алберти Бузург (1193— 1280) ва Фомаи Аквинӣ (вафоташ 1274) рад кардаанд. Охирин намояндаи Pушдияи Университети Париж Жан Жанден (вафоташ 1328) буд.
Дар Германия Рушдия дар ақоиди ирфонии Экҳарт Майстер зоҳир шуда¬аст. Дар Италия ғояҳои Ибни Рушд аввал дар Университети Болония паҳн шуд. Тадеои Пармӣ ва Анҷело д’Аретсо рушдиёни машҳури Университети Полония буданд, ки фаъолияташон дар ибтидои асри 14 ҷараён ёфтааст. Дере нагузашта Рушдия ба Университети Падуя кӯчид, ки он вақт маркази ҳаёти маънавии тамоми Италияи шимолу шарқӣ ҳисоб мешуд. Паоло Венето (1368-1428). Газтанои Тиенӣ (1387— 1405). Алессандро Акиллини (вафоташ 1520). Марко Антонио Дзимара (1550-1031) аз зумраи рушдиёни Падуя буданд. Сабаби нуфузи бардавоми (то охири асри 17) он будааст, ки аз асри 15 cap карда вай нисбат ба дин мавқеи бетарафона ва ҳатто созишкоронаро ишгрл карда, ба идеологияи ҳукмрон чандон хатаре намеовардааст.
Ад.: Рена и П., Аверроэс и а перро¬ном, Киев, 1902; Лей Г., Очерк истории средневекового материализма, М., 1962; Сага лее в А. В,, Ибн-Рушд (Аверроэс), М., 1973; Р а б и н о в и ч
В. Л., Иби Рушд и традиции Аверроизма, М., 1074.
Н. Қулматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …