Главная / Гуногун / РУСАКОВ Константин Викторович

РУСАКОВ Константин Викторович

РУСАКОВ Константин Викторович (таваллудаш 31. 12. 1909, шаҳри Торопетс, ҳоло вилояти Калинин), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1943.
Соли 1930 Институти политехникии ба но¬ми М. И. Калинини Ленинградро хатм намуд. Солҳои 1930—1939 дар корҳои инженерӣ-техникӣ ва хоҷагии трестҳои бинокории Ленинград, Ленинакан ва Ир¬кутск кор кард. Солҳои 1939—1953 ва 1955—1957 дар Комиссариати халқӣ, баъдтар дар Вазорати саноати модии СССР дар вазифаҳои гуногун — ҷонишини вазир, ҷонишини якуми вазир, вазир буд. Солҳои 1953—1955 дар аппарати Совети Базарова СССР кор кард. Аз соли 1958 дар кордон дипломати (солҳои 1962—1964 сафари фавқулодда ва мухтори СССР дар Республикаи Халқии Муғулистон). Соли 1968—1972 ва аз 1977 мудири шӯъбаи КМ КПСС. Соли 1972—1977 ёрдамчии Котиби генералии КМ КПСС. Солҳои 1977—1986 котиби КМ КПСС. Аз феврали 1986 нафақагир. Аъзои Комиссияи марказии тафтишоти КПСС (1966— 1971). Аъзои КМ КПСС (1971-1986). Депутати Совети Олии СССР (даъ¬ватҳои 7—11). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …