Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУСАФИ Маъруф ибни Абдулғанӣ

РУСАФИ Маъруф ибни Абдулғанӣ

РУСАФИ Маъруф ибни Абдулғанӣ (1875, Бағдод —16. 4. 1945), шоир ва адабиётшиноси араб (Ироқ). Пас аз хатми мактаби динӣ (1899) дар Истанбул, Димишқ ва Байтулмуқаддас аз адабиёти араб дарс гуфтааст. Дар шеърҳояш ҳаёти меҳнаткашони мазлуму камбағалро дар шароити истисмори бераҳмона ҳаққонӣ тасвир намудааст. Чанде аз шеърҳояш дар мавзӯъҳои зиддииипериалистӣ ва озодиходии миллӣ пас аз шӯриши соли 1920 Ироқ таълиф шудаанд. Дар достонҳои «Мо ва вазъияти байналхалқӣ (1942), «Но¬ма ба Ал-Ҷавоҳирӣ» (1944) ба мавзӯи ватандӯстӣ даст задааст. Русафӣ асосгузори «мактаби иҷтимоӣ» дар назми нави араб аст. Осори Русафӣ дар «Девони ар-Русафӣ» (1910, нашри 3, 1959) ҷамъ оварда шудаанд. Солҳои 1928, 1932 лексияҳои ӯ доир ба таърихи адабиёти араб нашр гардиданд.
Ос.: Свобода слова в Ираке. Наша от¬чизна, дар маҷм.: Поэты Азии, М.. 1957; Разве это политика? дар маҷм.: Совре¬менная арабская поэзия, М., 1961.
Ад.: К р а ч к о о с к и й И. Ю., Набранные сочинения, т. 3 М.—Л.,1950;Ш а р б а т о в Т., Поэзии Мааруфа ар-Расафи, «Современный Восток», 1959, № 7.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …