Маълумоти охирин

РУСА

РУСА, номи шоҳони давлати Урарту, ки фаъолияти онҳо дар лавҳаҳои хати мехи зикр шудааст. Русаи 1 (солҳои 730—714 то мелод ҳукм рондааст) давлати Урартуро мустаҳкам намуда, идоракунии онро такмил дод; ба муқобили ошуриҳо лашкар кашид, вале худ шикаст хӯрд. Дар аҳди Русаи II (солҳои 685—645 то мелод ҳукм рондааст), корҳои зиёди бинокорӣ ва обёрӣ гузаронида шуданд. Русаи III (солҳои ҳукмрони 605—585 то мелод) охирин шоҳи давлати Урарту, ки онро модҳо истило карданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …