Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУМЯНСЕВА Зоя Алексеевна

РУМЯНСЕВА Зоя Алексеевна

РУМЯНСЕВА Зоя Алексеевна (таваллудаш 27. 9. 1916, шаҳри Москва), химик-орга-ники советӣ, доктори илмҳои хи¬мия (1976), профессор (1978); аъзои КПСС аз соли 1946. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1940). Шогирди Б. А. Ка-занский. Солҳои 1941-1942 лаборанти Штаби муҳофизи зидди ҳавоии шаҳри Москва,
ассистенти кафедраи химияи органикии Университети давлатии Москва; 1945—1947 аспиранти Институти химияи органикии ба номи Н. Д. Зелинскийи АФ СССР; 1947—1957 ходими хурди илмӣ ва хо¬дими калони илмии Институти химияи АФ РСС Тоҷикистон ба номи В. И. Ники¬тин; аз соли 1956 мудири лабораторияи химияи ангиштсанги ҳамин институти Румянсева ангиштсанри конҳои Осиёи Миёнаро тадқиқ мекунад. Ӯ хусусиятҳои тех¬нологии ангиштсанги кони Фо-Яғнобро омӯхта, тарзи истифодаи онҳоро барои ҳосил кардани кокс ва дигар маҳсулоти химиявӣ нишон дод. Ӯ сиришти химиявӣ ва роҳҳои истифодаи комнонентҳои боқимондаи ангиштсангро муййян кард ва як қатор хусусиятҳои сохт ва хосияти моддаҳои органикии таркиби ангишти бӯрро ошкор сохт. Румянсева инчунин сабзиш, инкишоф ва ҳосилнокии пахтаро тадқиқ кардааст. Румянсева муаллифи зиёда аз 130 мақолаҳои илмӣ ва 8 шаҳодатномаи муаллифӣ мебошад. Ӯ бо медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …