Маълумоти охирин
Главная / Биология / РУМОРАН

РУМОРАН

РУМОРАН, шаҷарати Марйам, розмарин (Rosmarinus offici¬nalis), буттаи сершохаи Ҳамешасабзест аз оилаи лабгулҳо. То 2 м қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи дурушт (дарозиаш 3—3,5 см, бараш 2—4мм), гулаш майдаи сафед ё бунафш, 5— 10-той дар нӯги шохчаҳо ҷойгир аст. Мевааш аз 4 чормағзаки бӯртоб ибо¬рат. Навбаҳорон ва тирамоҳ гул мекунад.

rozmarin_uhod
Pуморани худрӯй дар кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин мерӯяд. Дар СССР Руморанро дар Қрим, Кавказ ва Осиёи Миёна мепарваранд. Руморанро аз қаламча ва баъзан аз тухм зиёд меку¬нанд.
Руморан бӯй ва таъми махсус дорад. Шохчаву барги тару тоза ва хушки Руморанро барои хушбӯю хуштаъм
кар¬дани нон, чой, нӯшокиҳо ва таомҳои гуногун истифода мебаранд. Аз баргу гули Руморан равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт аҳамияти калон дорад. Равғани эфири Руморан моеъи соф, беранг ё зардча аст ва аз он бӯи кофур
меояд; 30% пинен, 20% камфен, 10% тсинеол, 10% борнеол, 7% кофур ва ғайра дорад. Баргу шохчаи гули Руморанро баъди 2—3 соли кӯчат шуданаш ҷамъ меоранд. Аз дар га 1—3 т ашёи хом меғундоранд (1,5—2,5% равғани эфир дорад).
Руморан аа қадимулайём чун рлстании доруӣ маъмул аст. Махсусан «оби руморан» муддати дароз доруи машҳур буд. Шарбати баргашро ҳоло ҳам дар як қатор кишварҳои дунё дар амалияи момоӣ, ҳангоми неврози дил, заифӣ, сарчархзанӣ, нисён ва ғайра истифода меборанд.
Ад.: Деревья и кустарники СССР, т. 5, М.—Л., 1060; С к л п р е и с к и й Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1072.
А. Ашӯров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …