Главная / Гуногун / РУМИНИЯ

РУМИНИЯ

250px-romania1941

РУМИНИЯ, Республикаи Сотсиа¬листии Руминия (Rеpublica Socialis- ta Romania), давлатест дар ҷануби Европа. Қисми зиёди сарҳади ҷанубиаш қад-қади соҳили дарёи Дунай тӯл кашидааст. Дар Шарқи Руминияро баҳри Сиёҳ иҳота кардааст. Масоҳаташ 237,5 ҳазор км2. Аҳолиаш 22,6 млн. нафар (1983). Руминия ба 39 музофот тақсим шудааст, шаҳрт Бухарест бо атрофаш воҳиди маъмурии алоҳида мебошад.
Сохти давлатӣ. Руминия— давлати сотсиа¬листӣ, республика. Конститутсияи ҳозирааш 21 августи 1965 (солҳои 1968-1975 тағйирот дароварда шуд) қабул шудааст. Сардори давлат — прези¬дент, ки ӯро Маҷлиси Калони Миллӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб менамояд. Президент сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, раиси Совети давлатӣ ва Совети мудофиа мебошад. Органи олии ҳокимияти давлатӣ ва органи ягонаи қонунбарор Маҷлиси Калони Миллист, ки онро аҳолӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Дар давраи байни сессияҳои Маҷлиси Калони Миллӣ вазифаи онро Совети давлатӣ иҷро менамояд. Органи Раку олии идоракунандаи давлатӣ — Совети Вазирон (ҳукумат). Органҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — советҳои халқӣ, органҳои доимоамалкунанда — комитетҳои иҷроияро ташкил мекунанд. Дар пойтахту музофотҳо ко¬митети иҷроия, дар дигар воҳидҳои территориявӣ бюроҳои иҷроия амал мекунанд.
Табиат. Территорияи Руминия қад-қади соҳили баҳри Сиёҳ ба 245 км тӯл кашидааст. Аз Константса ба самти Шимол соҳил торафт паст шуда меравад, ки баъзе ҷойҳояш, ботлоқзор аст; инчунин ҷазираю димоға ва халиҷакҳои бисёре дорад. Релефи Руминия аз кӯҳҳои начандон баланд (беш аз 800 м), баландиҳои пуштакӯҳмонанд (200—800 м) ва пастиҳо иборат аст. Дар қисми зиёди территорияи Руминия кӯҳҳои Карпат ҷой гирифтаанд. Кӯҳҳои Карпат аз ҷиҳати орографӣ ба Карпати Шарқӣ, Карпати Ҷанубӣ ва ба кӯҳҳои Руминияи Ғарбӣ тақсим шудаанд. Кар¬пати Шарқӣ аз Шимолу Ғарб ба Ҷанубу Шимол ба 300 км тӯл кашидааст, қаторкӯҳҳои на он қадар баланд (то 2305 м) дорад ва бо водиҳои тектоникии кундаланг ва дароз бурида шудааст. Карпати Ҷанубӣ (баландиаш 2543 м) асосан аз Шарқ ба Ғарб ба 270 км тӯл кашидааст. Кӯҳҳои Руминияи Ғарбӣ аз силсилаи пуштакӯҳи Бихор (ба¬ландиаш 1848 м) ва қатокӯҳҳои Траскэу ва Металич иборат аст. Дар байни Карпати Ҷанубӣ ва Карпати Шарқӣ суфакӯҳи Трансилвания (баландиаш 500—800 м) ҷой гирифтааст. Дар шарқи республика баландии Молдова, дар Ҷанубу Шарқ пуштакӯҳи Добруҷа, дар доманаи кӯҳҳои Карпати Ҷанубӣ ҳамвории Дунай Поён, дар Ғарб ҳамвории Дунай Миё¬на ҷой гирифтааид. Сарватҳои зеризаминӣ: нефт, газ, ангиштсанг, маъдани оҳан, боксит, мис, тилло, намаксанг ва ғайра. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёваи январ дар соҳил қариб 0°С , дар ҳамвориҳо то —5°С, дар кӯҳҳо то —10°С. Ҳарорати миёнаи июл дар ҳамворидо 20— 23°С, дар кӯҳҳо 8—16°С. Боришоти солона дар нишебиҳои ғарбии кӯҳҳои баланд 1200—1500 мм ва дар соҳили баҳри Сиёҳ 300—400 мм. Калонтарин шохобҳои дарёи Дунай дар территорияи Руминия: Жиу, Олт, Арҷеш, Яломитса, Сирет ва Прут. Кӯлҳои калон: Потелу, Гряка, Кэлэраши, Братеш, Разелм, Синое. Хоки пастхамиҳо асосан сиёҳ ва сиёҳтоб, хоки водиҳои дарёҳо марғзорию сиёҳ Дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ шӯрхок паҳн шудааст. Дар доманаи кӯҳ ва пуштакӯҳҳои баланд— хокҳои хокистарранг ва бӯри ҷав- галӣ. Растанихои табиии бешагӣ асо¬сан дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва дар соҳили дарёҳо боқӣ мондаанд. Дар соҳи¬ли дарёҳо марғзору қамишзор ва бешаҳои соҳилӣ мавҷуданд. Дар кӯҳҳои Карпат дарахтони тӯс, момроз, шумтол, ладен ва ғайра мерӯянд. Ҳайвоноти Руминия: гург, рӯбоҳ, силовсин, савсор, қашқалдоқ, заргӯш, санҷоб, гуроз, хирс, оҳу ва ғайра; паррандаҳо: қирғӣ, бургут, дуғдоғ, бум, мурғобӣ, қу, қоз, мохихӯрак ва ғайра. Дарёҳои Руминия аз моҳӣ (белуга, севрюга, тосмоҳӣ ва ғайра) бойанд.
Аҳолӣ. Дар Руминия асосан руминҳо, инчунин венгсрҳо, немисҳо, яҳудиҳо, украинҳо, сербҳо, русҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Диндорог — православ, католик ва протестант. Шаҳрҳои калон: Бухарест, Тимишо¬ара, Ясси, Клуж-Нашжа, Брашов, Галатм, Крайова, Константса, Пло¬ешти.
Очерки таърихӣ. Ибтидои асри 2 мелод давлати ғуломдории Дакия, ки ба ҳайати он территорияи ҳозираи Руминия дохил буд, аз тарафи Рим забт гардид. Ҳукмронии Рим то соли 271 давом кард. Охири асри 3 ба Дакия готҳо ва гепидҳо, асрҳои 4—6 гуннҳо ва аварҳо дохил шудан гирифтанд. Дар асри 6 славянҳо пайдо шуданд, ки ба аҳолии маҳаллӣ ва ба просесси минбаъдаи ташаккули халқияти румин ва забони румини таъсири калон расонданд. Асрҳои 9—10 Руминия ба ҳайати подшоҳии Якуми Булғор дохил буд. Асрҳои 10 —13 дар территорияи Валахия, Молдова ва Трансилвания князиҳои нахустини румин барпо ёфтанд. Дар асри 14 давлатҳои феодалии соҳибихтиёри Ва¬лахия ва Молдова ба вуҷуд омаданд. Дар асри 11 князии румин Трансилвания ба подшоҳии Венгрия тобеъ шуд. Валахия, Молдова ва Трансилвания аз асри 14 бар зидди таҳдиди истилои туркҳо мубориза мебурданд. Дар миёнаи асри 16 князиҳои пароканда тобеи империяи Усмония гардиданд. Ибтидои асри 17 Трансилвания аз юғи туркҳо озод гардида, аммо охири асри 17 ба мулки Габсбургҳо ҳамрох карда шуд. Ҷангҳои русу туркҳо асрҳои 18—19 зулму асорати туркҳоро дар Валахия ва Молдова ба андозае суст кард. Соли 1812 Бессарабия аз юги туркҳо озод ва ба Россия ҳамроҳ шуд. Аз рӯи шартномаи сулҳи Андрианопол, ки ба ҷанги русу туркҳо 1828—1929 хотима дод, Валахия ва Молдова ба мухторият соҳиб шу¬данд, вале соли 1859 князиҳои Молдова ва Валахия, қатъи назар аз зиддиятҳои Туркия ва дигар давлатҳои Ев-ропа, муттаҳид гардиданд. Соли 1861 давлати нав номи Руминияро гирифт; соли 1862 ҳукумати ягона инти¬хоб карда шуд. Аз рӯи декрети соли 1864 оид ба ислоҳоти деҳқонӣ дёҳқонон аз зулми крепостной озод шу¬данд. Соли 1878 дар натиҷаи ғалабаи Россия дар ҷанги русу туркҳо солҳои 1877—1878, ки дар он Руминия ҳам иштирок дошт, Руминия ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шуд. Соли 1881 Руминия давлати шоҳӣ эълон гардид. Аз тасарруфи Туркия озод шудани Руминия ба тараққии иқтисодии мамлакат кӯмак расонд. Дар солҳои 1890—1900 сохтмони роҳи оҳан ривоҷ ёфт. соҳаҳои саноати нефт, ангишт ва дигар соҳаҳо тараққӣ корданд. Ба тараққии муносибатҳои  ка¬питалистӣ дар хоҷагии қишлоқ боқимондаҳои Урфу одатҳои феодалӣ монеъ мешуданд. Соли 1888 дар районҳои шимолӣ ва марказии мамлакат шӯриши ко-лони деҳқонон шуда гузашт, ки онро ҳукумити буржуазию помешики пахш кард. Дар ҳамон сол дар Бу¬харест матбаачиён ва роҳиоҳанчнён шӯриш бардоштанд. Соли 1893 Партияи сотсиал-демократии коргарони Руми¬ния (ПСДР) таъсис ефт. Солҳои 1905 —1907 бо таъсири револютсияи рус дар Россия дар Руминия ҳаракатҳои оммавии револютсионӣ, баромадҳои синфи коргар авҷ гирифт. Соли 1907 шӯриши колони деҳқонон тамоми территорияи Молдова ва Мунтениро фаро гирифт. Охири солҳои 60 ҳаракати коргарӣ cap шуд. Дар сохтмони роҳҳои оҳан ва бандарҳо (Брэила, Галатс, Чурҷу) аввалин баромадҳои стихиявии пролетариат ба амал омад. Ибтидои солҳои 70 ҷамъиятҳои коргарӣ таъсис ёфтанд. Дар Ҷанги якуми ҷаҳоиӣ (1914—1918) Руминия ба Антанта (аз соли 1916) ҳамроҳ шуд. Дере нагузашта қӯшунҳои Руминия ши¬каст хӯрданд ва охири соли 1916 қисми зиёди мамлакатро қӯшунҳои Германияю Австрия ишғол карданд. Руминия танҳо бо ёрин қӯшунҳои рус пеши роҳи душманро гирифта тавонист. Охири ҷанг режимн буржуазию помешикӣ кризиси шадидро аз cap мегузаронд. Дар шароити тезу тунд шудани зиддиятҳои иҷтимоӣ, дар натиҷаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Рос¬сия ҳаракати револютсионӣ дар Руминия боз ҳам авҷ гтрифт. Ҳаракати ҳамраъйӣ бо пролетариати ғолиби Рос¬сияи Советӣ вусъат ёфт. Дар шаро¬ити авҷи ҳаракати револютсионӣ ПСДР таҳти фишори қаноти чап ба Партияи сотсиалистии Руминия (ПСР) табдил дода шуд. Соли 1918 дар шароити таназзули Австрия — Венг¬рия ба Руминия Трансилвания ҳамроҳ карда шуд. Дар соли 1920 давлатҳои Антанта ба протокол имзо гузоштанд, ки мувофиқи он Бессарабия дар ихтиёри Руминия монд. Моҳи май 1921 Партияи Коммунистии Руминия (ПКР) таъсис ёфт. Дар натиҷаи фишори халқ ҳукумати буржуазӣ маҷбур шуд, ки баъзе ислоҳоти либералӣ (ҳуқуқи умумии интихоботи барои мардон дар соли 1918, ислоҳоти аграрии маҳдуд дар соли 1921, ҷорӣ намудани конститутсияи нав дар соли 1923) гузаронад. Аммо реаксия ба ҳуҷум гузашт. Соли 1924 ҳукумат ПКР-ро манъ, шӯриши зидди мустамликавиро дар Бессарабия пахш кард. Дар солҳои 30 корпартоӣ боз ҳам авҷ гирифт. ПКР халқро ба мубориза барои талабҳои иҷтимоӣ, бар зидди фашистикунонии мамлакат, ба капитали хориҷӣ тобеъкунонии иқтисодиёти он, ба муқобили сиёсати берунаи зидди- советии Руминия (соли 1934 байни Руминия ва СССР муносибатҳои дипломатӣ муқиррар шуда буд) сафарбар кард. Ҳаракат барои ташкили фронти зидди фа¬шистӣ вусъат ёфт. Доираҳои ҳукмрони Руминия бо қувваҳои фашистӣ забон як карданд ва соли 1937 ба сари ҳокимият Партияи миллатчигию хрис¬тианӣ (таъсисаш 1935) омад, ки сардори он О. Гога буд. Соли 1938 Кароли II (шоҳзодаи валиаҳд) диктатураи шахсиро муқаррар кард, ки он дар таърих бо номи «диктатураи шоҳ» маъмул аст. Моҳи феврал конститутсияи типи фашистӣ қабул карда шуда, моҳи март партияҳои сиёсӣ, моҳи октябр иттифоқҳои касаба пароканда карда шуданд. Моҳи декабр танҳо ба таъсис намудани ташкилоти сиёсии типи фашистӣ — Фронти таҷаддуди миллӣ иҷозат дода шуд. Соли 1939 Руминия бо Германия шартнома баст, ки мувофиқи он иқтисодиёти Руминия ба Германияи гитлерӣ пурра тобеъ гардид. Германия Ҷанги дуюми ҷаҳониро cap карда Руминияро, ки худро бетараф эълон карда буд, ба базаи ашёи хом ва озуқавории худ табдил дод. Соли 1940 доираҳои ҳукмрони Руминия аз сиёсати бетарафӣ даст кашиданд. Дар ин вазъият ҳукумати СССР аз Руминият алаб кард, ки як қисми территорияи ҳозираи Бессарабия ва қисми шимолии Буковинаи ғайриқонунӣ забткардаашро, ки тиърихан бо тақдири халқҳои молдован ва украин зич алоқаманд мебошанд, баргардонад. Моҳи августи 1940 Бессарабия ба Молдавини Советӣ ва Буковинаи Шимолӣ ба РСС Украина ҳамроҳ карда шуданд. Партияи Коммунистии Ру м и н и я (таъсисаш 1921). Ф р о г т и демократӣ ва ягонагии  сотсиалистӣ (ФДЯС), таъсисаш 1968. ПКР ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва касабавиро муттаҳид менамояд. И т тиҳоди умумии и т т и ф о қҳ о и к а с а б а и Руминия (ИУИКР) (таъсисаш 1945). Иттиф о к и ҷ а в о н о н и к о м м у н и с т ӣ (НҶК), таъсисаш марти 1922. Комитети миллии муҳофизати сулҳ (таъсисаш марти 1922). Советӣ миллии занони РСР (таъсисаш 1958). И т т и ф о қ и миллии коопсративҳои ис¬то ҳ с о л и II хоҷаг и и қ и ш л о қ (таъсисаш 1966). Ҷ а м ъ и я т и р о б и т а ҳ о и д ӯ с т и и Руминия бо И т т и фоқи Советӣ (таъсисаш ноябри 1944).

romania_main_1
Хоҷагӣ. Руминия дар солҳои сохтмони сотсиалист аз мамлакат аграрию индустриявии қафомонда ба мамлакати индустриявию аграрй табдил ёфт. Соли 1983 даромади миллӣ нисбат ба соли 1982 ба 3,4% афзуд. Соли 1938 мувофиқан 30,8 ва 38,1% буд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба соли 1938 34 маротиба (1976) афзуд. Ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот 72,5% маҳсулоти умумии саноат рост меояд. Соҳаи асосии саноат мошинсозӣ (бо коркарди металл) мебошад, ки 1/3 ҳиссаи маҳсулоти саноатиро медиҳад. Саноати нақлиёт ва мошинсозии хоҷагии қишлоқ, саноати таҷҳизоти химиявии нефт, дастгоҳсозӣ, воситаҳои автоматикунонӣ, электротехника таракқӣ кардааст. Соли 1983 12.6 млн т пӯлод (Галатс, Хунедоара, Решитса), 223 ҳазор т. алюминий (Слатипа), зиё¬да аз 50 ҳазор т руҳ, зиёда аз 50 ҳазор т. сурб ва мис гудохта шуд.
Маориф. Моҳи майи 1968 дар бораи таълими ҳатмии 10-солаи бепул қонун қабул карда шуд, ки он асосан солт таҳсили 1975/76 ҷорӣ гардид. Системаи ҳозираи таълим: боғчаи бачагон барои кӯдакони аз 3 то 6- сола. Зиёда аз 74% кӯдакони синни томактабӣ дар боғчадҳи бачагон тарбия ёфтанд. Аз синни 6 ҳамаи Ку¬лаков ба мактаби ибтидоӣ мераванд. Мӯҳлати таълим 8 сол, мӯҳлати таълими мактаби миёна — литсей 4 сол. Аз соли 1977 мӯҳлати таълим дар ли¬тсей 4—5 сол мебошад. Соли таҳсили 1978/79 дар мактабҳои маълумоти умумӣ 3423 ҳазор талаба ва соди таҳсили 1976/77 дар мактабҳои миёнаи махсус — литсейҳо 1016 ҳазор талаба мехонд. Дар мамлакат 680 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ва мактабҳои касбии гуногуни 2—3-сола мавҷуданд, ки дар он то соли таҳсили 1978/79 164,3 ҳазор талаба мехонд. Со¬ли таҳсили 1978/79 дар мамлакат 19 университет, 11 иниверситет (политехникӣ, техникӣ, педагогӣ, хоҷагии қишлок ва ғайра) буд, ки дар онҳо зиёда аэ 191 ҳазор студент мехонд. Университети Бухарест (таъсисаш 1864), Университети ба номи А. И. Куза дар шаҳри Ясси (таъсисаш 1860), Университети ба номи Бабеш Боляи шаҳри Клуж, Университети шаҳри Крайова (таъси¬саш 1966), Университети шаҳри Брашов (таъси¬саш 1971), Университети Тимишоара (таъси¬саш 1962), Университети шаҳри Галатс (таъсисаш 1948) ва ғайра. Академияи фанҳои Руминия соли 1948 дар Бухарест дар асоси академияи қадима (таъсисаш 1866) таъсис ёфтааст. Соли 1964 ду филиали академия, яке дар шаҳри Клуж ва дигаре дар шаҳри Ясси ва ду базаи таҳқиқоти илмӣ дар шаҳри Тимишоара ва Тиргу-Муреш ташкил карда  шу¬данд. Соли 1948 дар Бухарест нашриёти Академияи фанҳо таъсис ёфт. Дар Бухарест Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқ ва ҷангал (таъси¬саш 1969). Академияи илмҳои тиб (таъсисаш 1969), Академияи илмҳои ҷамъиятию сиёсии (таъсисаш 1970) мавҷуданд. Соли 1977 дар мамла¬кат 150 ҳазор корманди илмӣ буд. Дар соли 1965 оид ба тадқиқоти илмӣ Совети миллӣ таъсис карда шуд, ки он соли 1971 ба Совети миллӣ оид ба илм ва технология табдил ёфт.
Дар Руминия 21,4 ҳазор китобхона ҳаст. Китобхонаҳои колон: Китобхонаи Академияи фанҳои РСР дар Буха¬рест (таъсисаш 1867), Китобхонаи марказии давлатӣ дар Бухарест (таъсисаш 1955), Китобхонаи мар¬казии педагогӣ (таъсисаш 1949), Китобхонаи марказии университет дар Бухарест ва ғайра.
Музейҳо: соли 1978 дар мамлакат 407 музейи, аз он ҷумла 78 музейи ёдгорӣ ва 93 музейи санъати тасвирӣ буд. Музейҳои калон, ки дар Бухарест воқеанд: Музейи таърихи РСР (таъсисаш 1968), Музейи таърихии шаҳрӣ (таъсисаш 1921), Музейи миллии театр (таъсисаш 1942), Музейи рассомии РСР (таъсисаш 1950), Музейи таърихи Партияи Коммунистии Ру¬миния, ҳаракати револютсионӣ ва демократии Руминия ва ғайра. Дар шаҳрҳои Арад, Брэила, Брашов, Галатс, Клуж, Константма, Крайова. Ясси ва дар дигар шаҳрҳо музейҳо низ ҳастанд.
Матбуот, радио ва телевизион. Соли 1979 дар Руминия 20 газетаи ҳаррӯза ва 433 номгӯй нашрияҳои дигар чоп мешуданд. Газетаҳои ҳаррӯзаи муҳим: «Скынтейя» («Scintcia»), таъ¬сисаш 1931, органи КМ ПКР: «Роминия либерэ» («Romania libera»)., таъсисаш 1943, органи Совети мил¬лии Фронти ягонагии сотсиалистӣ;
«Скыитейя тинеретулуй» («Scinteia linerctului»), таъсисаш 1944, органи марказии КМ Иттифоқи коммунис¬тии ҷавонони Руминия ва ғайра.
Адабиёти бадеии Руминия охири асри 18 аввали асри 19 ташаккул ёфт. Авҷи ҳарикати миллии озодихоҳии зидди Туркия, ғояҳои ягонагии миллӣ ва озодихоҳӣ, ки талаби асосии Револютсияи соли 1848 буданд, равияи романтикаи адабиётро муайян карданд (Д. Болинтиняну, 1819-1872, В. Александра 1821—1890, К. Негрутси, 1808—1868, А. Руссо, 1819—1859). Баъди шикасти ре¬волютсия романтизм ба танқиди сахти тартиботи буржуазӣ гузашт (М. Эминеску, 1850—1889). Эълон шудани давлати ягонаи миллӣ (1862) ва аз юғи Туркия озод гардидани Руминия (1878) диққати ҷамъиятро ба вазъияти деҳқонон, номукаммалии системаи буржуазӣ ҷалб намуд, км ин ба пойдоршавии реализми танқидӣ (Й. Л. Караҷале, 1852—1912, Й. Крянгэ, 1837—1889, Ҷ. Кошбук, 1866—1918) кӯмак расонд. Дар «адабиёти асрҳои 20 паси ҳам асосан се ҷараён— «попоранизм», «сэмэнторизм» ва «гиндиризм» пойдор гардид; ҷараёни якум принсипи масъулияти маънавиро дар назди деҳқонон пешниҳод карда инъикоси ҳаққонии аҳволи вазнини онҳоро талаб мекард, ҷараёни дуюм деҳқононро ҳамчун ягона «синфи позитивҳо дида мебаромад, ҷараёни сеюм бошад, ҷаҳонфаҳмии деҳқононро барои таблиғи ҳурофот ва миллатчигӣ истифода бурд. Аммо ин ҷараёнҳо мавқеи танқиди адабиёти реалистиро, ки баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ мустаҳкам шуд, тағйир дола натавонистанд (М. Садовяну, 1880—1961, Л. Ребряну, 1885 — 1944, К. Петреску, 1894—1957, Ч. Петреску, 1892—1961). Назми намояндагони экопроссионизм ва симво¬лизм ҳам бар зидди тартиботи буржуазӣ (Ҷ. Баковия, 1881—1957 ва дигар) нигоронида шуда буд. Дар солҳои 30 адабиёти пролетарӣ ташак¬кул ёфт (А. Сахия, 1908—1937, Ҷ. Боғза, таваллудаш 1908). Рӯҳияи зиддибуржуазӣ, инчунин рӯҳияи зиддиҷанг ва зиддифашистӣ барои ба мавқеи реа¬лизми сотсиалистӣ гузаштани адабиё¬ти Руминия кӯмак расонд.
Баъди аз фашизм озод шудани мамлакат (1944) дар эҷодиёти нависандагони насли калон ва инчунин дар эҷодиётн шоиру насрнависоне, ки ба адабиёти солҳои 20—30 дохил шуданд (М. Бенюк, таваллудаш 1907; 3. Станку,. 1902—1974; Э. Жебеляну, таваллудаш 1911; В. Теодореску, таваллудаш 1909), ғояҳои нав ва ҳаёти нав инъикос ёфтанд. Насри М. Преда (таваллудаш 1922), Э. Барбу (таваллудаш 1924), Лучия Демет¬риус (таваллудаш 1910), назми Мария Бануш (таваллудаш 1914), Р. Боуряну (таваллудаш 1906), песаҳои А. Бараши (таваллудаш 1913), X. Ловинеску (таваллудаш 1917) ба муборизаи зидди фашизм, мубориза баҳри сохтмони сотсиалистӣ, проблемаҳои ахлоқи сотсиалистӣ бахшида шудаанд. Дар миёнаи солҳои 60—70 адабиёти Рок ба проблемаҳои ахлоқию этикӣ, таҳлили амиқи психо¬логӣ майл мекунад (Преда, Теодо¬реску, Станку, Ш. Бэнулеску, таваллудаш 1929, Ф. Нягу, таваллудаш 1932).
Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар территорияи Руминия сафоли мунаққаш, маснуоти металлӣ, ёдгориҳои меъмории Рими Қадим ёфт шуданд. Дар асрҳои миоёна калисоҳои сангин асосан бо усули трансилванӣ, валашӣ ва молдовӣ сохта мешуданд. Инчунин қалъаю истеҳкомҳо бунёд мегаштанд. Асрҳои 14—15 дар Валахия ва Молдова наққошиву санъати тасвирии ба худ хос шакл гирифта, минётураи китоби, ҳайкалтарошӣ (аз сангу чӯб) ва кандакорӣ инкишоф ёфта буданд. Фарқияти иморатсозии мадаллй дар а. 18 ва ибт. а. 19 бардам мехӯрад. Минбаъд биноҳо бо усули класси¬тсизм сохта мешаванд. Дар охири асри 19- ибтидои асри 20 биноҳо бо усули «модерн» ва миллии романтикӣ бунёд меша-ванд. Солҳои 20—30 биноҳо дар рӯҳияи конструктивизм сохта мешу¬данд. Дар охири асри 18— ибтидои асри 19 санъати тасвирӣ ба мавзӯъҳои дунявӣ майл мекунад, вале дар миёнаи асри 19
равияе, ки бо муборизаи револютсионӣ (Г. Таттареску, К. Д. Розентал) вобастааст, ба миён меояд. Охири асри 19 дар рассомӣ (Т. Аман, Н. Григореску, Й. Андресску, Ш. Лукян) ва ҳайкалтарошӣ (Д. Пачуря ва дигарон) равияи реалистӣ муқаррар мегардад. Солҳои 1910—1930 равияҳои авангардӣ (ҳайкалтарош К. Бринкуши ва дигарон) паҳн мешаванд, вале дар баробари он анъанаҳои реалистӣ (К. Гессу ва дигарон) ҳам инкишоф меёфтанд. Охири солҳои 40 корҳои калони шаҳрсозӣ анҷом ёфта, маҳалҳои нави исти¬қоматӣ (Бухарест, Клуж, Сучава ва ғайра), иншооти ҷамъиятӣ ва комплексҳои курортиву туристӣ сохта шуданд. Дар Pуминияи сотсиалистӣ анъ¬анаҳои реалистии санъатро рассомон К. Баба, Л. Григореску, Ш. Сёни, А. Чукуренку, ҳайкалтарошон Й. Жаля, К. Медря ва дигарон давом дода истодаанд. Ҳунарҳои халқӣ (гулдӯҳӣ, қолинбофӣ, кулолӣ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст.
Мусиқӣ. Санъати мусиқии Руминия аз пешинзамонҳо, аз давраи дакҳо ин¬кишоф ёфта омадааст. Эҷодиёти мусиқии халқӣ бо мазмуни хос, бо хусусиятҳои оҳангӣ, бо гуногунии жанрҳои худ ва ғайра фаркӯқ мекунад. Фолклори Руминия аз сурудҳои маросимӣ, алла, чӯпонӣ, сурудҳои ишқӣ (лири¬кӣ), достонҳо, сурудҳои иҷтимоӣ ва ғайра иборат аст. Асбобҳои мусиқӣ: скрипка, кобза, тсимбали (чанг), свирел (флуер), най (флейтаи Пан) ва ғайра. Машшоқони касбӣ—лэутарҳо дар тарғибу паҳн намудани фолклори мусиқӣ мавқеи калон доштанд.
Мусиқии касбии Руминия дар асоси эҷодиёти халқ ташаккул ва инкишоф ёф¬тааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

21155170584_2b5f3058cc_o

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …