Маълумоти охирин

РУКН

РУКН (арабӣ — сутун, поя), дар арӯз қолиби муайяне, ки ҳангоми тақтеи шеър ва чен кардани вазн истифода мешавад. Арӯзи арабӣ аслан 10 Рукн дошта, бо роҳи тағйир до¬дани калимаи
фаала ҳосил шудаанд: мафоилун, фоилотун, мустафилун, мафъӯлоту, фаӯлун, фоилун, мутафоилун, мафоялатун, фоило¬тун, мустафилун. Арузи форсӣ-тоҷикӣ аз шаш Pукни аввал тартиб ёфтааст. Ин Рукнҳоро баъзан афоили арӯз ё афоилу тафоил низ меномонд. Рукнҳо дар арӯз ду навъ мешаванд: солим ва зиҳофӣ. Рукнҳои солим Рукнҳои асосӣ буда, Рукнҳои зиҳофӣ ё музоҳаф бо роҳи партофтан, зиёд кардан ё табдили ҳиҷову ҳарфҳо аз Рукнҳои солим ба вуҷуд меоинд. Pукнҳои зиҳофӣ дар арӯз ба 85 адад мерасанд. Аммо маъмултарини онҳо 35—40-то мебошанд. Рукнҳо аз рӯи миқдор ва ҷояшон дар байт, ки воҳиди ченаки шеър аст, номҳои гуногун доранд. Аз рӯи миқдор байтҳои 8-рукна мусамман, 6-рукна мусаддас, 4-рукна мураббаъ, 2-рукна мусанно номида мешаванд. Мувофиқи ҷояшон дар байт Pукни аввали мисраи якуми байт — с а д р, Pукни охири мисраи якуми байт — а р ӯ з, Pукни аввали мисраи дуюми байт —
ибтидо, Pукни охири мисраи дуюми байт — зарб ё аҷз ва Рукнҳое, ки байни садру арӯз ва ибтидову зарб воқеъ мешаванд, ҳашвном гирифтаанд. Рукнро баъзан порчаи тараннумӣ низ меноманд.
Ад.: С и р у с В., Арӯзи тоҷикӣ, Д., 1963; 3 е х и й Т., Санъати сухан, Д., 1979.
С. Да в р оно в.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …