Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУКАВИШНИКОВ Николай Николаевич

РУКАВИШНИКОВ Николай Николаевич

РУКАВИШНИКОВ Николай Николаевич (таваллудаш 18. 9. 1932, Томск), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1971, 1974). Аъзои КПСС аз соли 1970. Соли 1957 Институти инженерию
физикии Москваро хатм карда дар Бюрои конструкторӣ ба кор шурӯъ намуд. Аз соли 1967 дар отряди кайҳоннавардон. 23—25 апрели 1971 (якҷоя бо В. А. Шаталов ва А. С. Елисеев) ба сифати инженер- озмоишгари киштии канҳонии “Союз-10” бори аввал ба кайҳон парвоз кард. 24 апрел 1971 «Союз-10» бо ст. мадории «Салют» васл гардид. Пар- вози якҷояи «Салют» ва «Союз-10» 5 с 30 дақиқа давом кард. Рукавишников дар ин парвоз дар кайҳон 47 с 46 дақиқа буд. 2—8 декабри 1974 (якҷоя бо А. В. Фи¬липпенко) ба сифати бортииженери киштии «Союз-16» маротибаи дуюм ба кайҳон парвоз кард. Киштӣ дар муддати 5 шаборӯзу 22 с 24 дақиқа атрофи заминро 97 маротиба давр зад. Рукавишников аз рӯи программаи парвоз дар озмоиши агрегати нави васлкунӣ ва автоматикаи он, ки мувофиқи про¬граммаи советию америкоӣ «Союз— Апполон» пешбинӣ шуда буд, иш¬тирок намуд. 10—12 апрели 1979 (якҷоя бо гражданини РХБ Г. И. Ива¬нов) дар киштии кайҳонии «Союз-33» бори сеюм ба кайҳон парвоз кард. Рукавишников бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст. Ба Рукавишников унвони Қаҳрамони РХБ дода шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …