Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУДЗУТАК Ян Эрнестович

РУДЗУТАК Ян Эрнестович

РУДЗУТАК Ян Эрнестович (15. 8. 1887, хутори Тсауни, губернатори Курляндия, ҳоло РСС Лат.—29. 7. Ю38), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи батрак. Аъзои Партияи ком¬мунистӣ аз соли 1905. Аз соли 1904 коргар
дар Рига. Соли 1906 аъзои Комитети ригагии РСДРП. Соли 1907 роҳбари ташкилоти партиявии Виндава, июни худи ҳамон сол ҳабс шуд. Суди ҳарбӣ соли 1909 ӯро ба муддати 15 сол ба қаторга маҳкум кард (вале ба сабаби ноболиғ буданаш мӯҳлати ҳукм ба 10 сол оварда шуд). Қаторгаро дар ҳабсхонаҳои Рига ва Бутир (Москва) гузаронд. Баъди Револютсияи феврали 1917 аъзои Президиум ва котиби Совети марказии умумироссиягии Иттифоқи бофандагон, аъ¬зои Президиуми Совети иттифоқҳои касабаи шаҳрт Москва буд. Иштирокчии Револютсич Октябр (1917). Солҳои 1917—1920 раиси Совети хоҷагии халқи Москва, аъзои Президиуми Совети Олии Хоҷагии халқ, раиси Сентротекстал, аъзои ВЦСПС. Солҳои 1920—1921 раиси КМ Иттифоқҳои касабаи коргарони нақлиёт, раиси Комиссияи туркистонии КИМУ ва Бюрои туркистонии РКП (б), аъзои Президиум ва Котиби генералии ВЦСПС. Солҳои 1922—1924 раиси Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП (б). Дар ҳайати вакилони сове¬тӣ дар Конференсияи Генуя (1922) иштирок кард. Солҳои 1923—1924 котиби КМ РКП (б). Солҳои 1924-1930 комиссари халқии роҳҳои нақлиёти СССР. Солҳои 1926—1937 ҷонишини раи-си СКХ ва Совети меҳнат ва мудофиаи СССР, яке аз роҳбарони корҳо оид ба индустронии мамлакат ва сохтмони асосӣ. Аз соли 1928 раиси Ко¬митет оид ба хи миконии хоҷагии халқи СССР дар назди СКХ. Октябри 1931 раиси Комитети Марказии Назорати (КМН) БКП(б) интихоб ва комиссари халқии Инспексияи кор¬гару деҳқони (ИКД) СССР таъин гардид. Вакили съездҳои 9—17-уми партия. Аз соли 1920 аъзои КМ, солҳои 1923—1924 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ ва аъзои Бюрои ташкилии КМ, 1926—1932 аъзои Бюрои Сиёсии КМ, аз соли 1934 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ ВКП(б). Аъзои КИМ-и СССР ва КИМ-и Умумироссия буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …