Маълумоти охирин

РУДОБА

РУДОБА яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-» Фирдавсӣ. Модари Рустам. Духтари шоҳи Кобул Меҳроб ва малика Синдухт. Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайяне дорад. Зол ҳангоми сайру саёҳати Кобулистон дар бораи ҳусну ҷамоли беҳамтои Рудоба ҳикояти яке аз наздиконашро шунида, ба ӯ ошиқ мешавад.

shohnoma

Рудоба низ Золро надида, пас аз шунидани суханони падараш дар бораи хислатҳои пеки Зол аз дилу ҷон ба ӯ меҳр мебандад. Ба воситаи канизон Рудоба Золро барои боздид даъват намуд ва ду дилдода ба ҳам аҳду паймон бастанд. Дар роҳи ба васли якдигар расидани онҳо монеаҳои зиёде ба миён меоянд. Азбаски Рудоба ва аҷдоди ӯ аз дудмони Заҳҳок бу¬данд, аввало Сом — падари Зол ва шоҳи кишвари Эрон — Манучеҳр ба хонадор шудани онҳо розӣ намешаванд. Ҷаҳду кӯшиши ду дилдода (Рудоба ба якравӣ ва ҷоҳилии падараш муқобилат мекард. Зол падараш — Сом ва ба воситаи ӯ Манучеҳрро розӣ кард, ки ба хонадор шудаии ӯ иҷозат бидиҳад), тадбирҳои оқилонаи модари Рудоба ва инчунин пешгӯии ситорашиносон (ба қавли онон аз никоҳи яқ ду ҷавон паҳлавоне ба дунё хо¬ҳад омад, ки дар зӯру тавоноӣ якто, машҳури ҷаҳон ва пушту паноҳи Эронзамин хоҳад буд) бояси ба васли якдигар расидани онон гардид. Рудоба чун дигар образҳои занони «Шоҳнома» духтари фаъолу ҷасур аст. Дар роҳи расидан ба мақсад ӯ кӯшиши зиёде мекунад, ҳеҷ гуна монеаҳо, аз ҷумла, урфу одатҳои динӣ, нажодӣ ва бадгӯиҳо пеши роҳашро гирифта наметавонанд. Рудоба мо¬дари меҳрубон ва мушфиқе низ мебошад. Вай писараш Рустамро ба ҷангу муҳорибаҳо, озод кардани Эронзамин аз дасти душманон фиристода, пеш аз сафар ба ӯ панду насиҳат медиҳад. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Рудоба то замони кушта шудани Рустам зинда буда, ба са¬баби марги писараш сугворӣ менамояд. Дар тасвири образҳои занон, аз ҷумла Рудоба, Фирдавсӣ ба қиссаву ривоятҳои халқии Эрони Қадим такя намудааст. Занон дар «Шоҳ¬нома» ба мардони ҷангӣ ҳамдӯшу ҳамнабард буда, аз канизони ҳалқа¬багуше, ки дини ислом онҳоро табдил дод, фарқ мекунанд.
Ад.: Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷ. 1, Д., 19(14.
M. Диловаров

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …