Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУДОӢ Анатолий Михайлович

РУДОӢ Анатолий Михайлович

РУДОӢ Анатолий Михайлович (1912—14. 11. 1943). Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943, баъди фавт.), лейтенанти калони гвардия. Пеш аз Ҷингн Бузурги Ватанӣ дар қисмҳои Армияи Советӣ, ки дар Тоҷикистон воқеъ буданд, хизмат мекард. Соли Рудоӣ ба фронт рафт. Бо саворагони тоҷик роҳи пуршарафи ҷангро тай намуда, аз Сталинград то ба соҳили дарёи Днепр расид. Командири эскадрони дивизияи савора буд. Сентябри 1943 ба подразделенияи ин Диви¬зия амр шуд, ки дар маҳалли Димарна – Неданчичи аз дарё гузашта, аскарони пиёдаи душманро дар соҳили муқобил торумор намоянд ва барот аз дарё гузоштани қисмҳои корпус шароит муҳайё кунанд. Шаби 27 сентябр, эскадрони Рудоӣ ба соҳили дарё гузашта, бо ҳамлаи шадид истеҳкоми гитлерчиёнро ишғол
намудаанд. Эскадрони Рудоӣ бисёр солдату офисерони немисро нобуд карда, як миқдор аслиҳаву лавозимоти ҷангии душманро ғанимат гирифт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …