Маълумоти охирин

РУБОБ

РУБОБ р а б о б, р и б о б, сози тории мусиқиест, ки дар байни халқҳои эронӣ хело маъмул аст. Мувофиқи маълумоти таърихию адабӣ Рубоб шакли муарраби калимаи пақлавии «равода» буда, маънои «овози ҳазин баровардан»-ро доштааст. Бинобар ин, дар Шарқ ва Европаи Ғарбӣ бо шакли таҳрифшудааш —рабоб, ребаб, ребек ва ғайра паҳн гардидааст.

551c5a63d72c4

Ривояте ҳаст, ки гӯё Рубобро Файсоғурс (Пифагор) дар аввал аз ҷисми дарунхолии сангпушт бо халондани чӯбе ба сӯрохии он ва кашидани тор сохта бошад. Ва баъдтар гӯё онро такмил дода аз як паллаи чӯбкаду чунин созе ихтироъ кардааст. Сарчашмаҳои адабӣ Рубобро ба шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Маълумоти умумиашон он аст, ки дар аввали асрҳои миёна дар сарзамини Эрону атрофи он Рубобро бо камонча менавохтаанд. Он аз косаи секунҷашакл (як кунҷ ба тарафи даста) иборат буда, баъзе яктора ва баъзеи дигар 2—3 тора будааст. Рубоби яктораро бештар шоирону гӯяндагони халқӣ ва Рубоби 2—3 тораро ромишгарон ва муғанниёни касбӣ ба¬рои рақсу тарона ва мусиқии дастҷамъӣ (ансамбли) истифода мебурдаанд. Ба рӯи косааш пӯсти оҳу кашида, торҳояшро аз рӯдаи он ва ё абрешим месохтаанд. Махсусан Рубоб тораш абрешимӣ бештар мӯътабар будааст. Дарозии умумии ин Рубоб тахминан 60—80 см буда, мувофиқи миқдори торҳо дар нӯги даста гӯшак доштааст.
Баъд аз истилои араб Рубоб чун асбоби камонӣ бо номи р е б а б ба мамлакатҳои Миср, шимолу-ғарби Африқо ва Андалусия паҳн гардид. Сипас, дар асрҳои минбаъда тавассута роҳҳои тиҷорат дар Ҳиндустон ва ҷазираҳои Малайя пайдо шуд, ки то ҳол бо чунин шаклу ном дар ин мавзеъҳо маъмул аст. Дар асри 12 дар Европаи Ғарбӣ ин соз бо номи р о б е к ба вуҷуд омад, ки аз чоряки сеюми асри 18 cap карда асоси созҳои скрипкавӣ гардид. Низомии Ганҷавӣ дар «Хусрав ва Ширин» хотирнишон мекунад, ки Рубоб (камонӣ) аксаран бо барбат ва чанг якҷоя навохта мешуд (ӯ замони Сосониёнро дар назар дорад) ва садои хуше дошт. Ва¬ле дар асрҳои минбаъда (10—12) Рубоб (дар Эрон ва Мовароуннаҳр) тадриҷан шакл дигар кард. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, Рубоби ин давра ба танбӯр шабоҳат дош¬та, косааш каме бузургтар (дар сарчашма: шинами бузургтар) бу-дааст ва ба он низ пӯсти оҳу мекашидаанд. Дастааш аз дастаи тан¬бур кӯтоҳтар буда, торҳояшро (2- 3 то) аз абрешим ва пардаҳоро аз рӯдаи ҳайвонот тайёр мекардаанд. Онро бо мизроб ва баъзан бо камонча менавохтаанд. Ин соз тадриҷан дар Осиёи Миёна, шаҳри Қошғар
(ҳозира pайони автономии Синтсзяни Хитой) ва билоди Ҳинд паҳн мегардад. Шояд ки соз тадриҷан ҷои барбатро гирифта бошад, ки дар асрҳои минбаъда барбат аз байн рафт. Рубоб тахминан дар асрҳои 17—18 дар вилояти Қошғар бо шакли каме тағйирёфта ва зеботаре маъмул шуд. Ба он дар қисми гардана ду шохи камоншакли ба тарафи коса тобхӯрда ҳамроҳ карда шуд ва бо номҳои л а в а б о (хитой), раван ва рабаб машҳур гардид. Баъдтар бо ин намуди такомулёфтаи зебояш боз баргашта ба Осиёи Миёна ва Ҳиндустон паҳн гар¬дид. Pубоби пештара аз байн рафта, ҷои онро Рубоби шохдор бо номи Рубоби қашқарӣ гирифт, ки то ҳол дар байни тоҷикон ва ӯзбекҳо машҳур аст. Рубоби қашқарӣ ҳоло яке аз созҳои маъмули якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрӣ буда, ба тариқи фаровон истифода мешавад. Дарозии он 90—100 см буда, косаи мудаввари кафлесмонанд дорад (чуқурии он 11—13 см). Онро аз чӯби тӯс, тут, зардолу, арча ва ғайра метарошанд ва ба рӯи косааш пӯсти буз, той, моҳӣ ва ғайра мекашанд. Дар гарданаи дастааш аз ду тараф шохҳои камоншакл дорад, ки дарозиашон 10—12 см аст. Нӯги даста ба қафо каҷ хӯрда, дар он гӯшакҳо ҷой гирифтаанд ва дар болои пӯсти коса харак дорад. Дар дастаи Рубоб ғайр аз пардаи мутлақ (овози то-ри кушода) боз 24 пардаи диатоникию хроматикӣ мавҷуданд, ки ду октаваи пурраро дар бар мегиранд ва онҳо пештар аз рӯдаи бузу гӯсфанд баста мешуданд. Ҳоло бошад, аз риштаҳои синтетикӣ ва ё филизӣ иборатанд. Pубоби қашқарӣ 2 тори филизии ҷуфт ва як тори синтетикӣ ё филизии ғафс дорад, ки ин тор са¬дои бам (бас)-ро медиҳад. Торҳои якум ва дуюм байни худ бо квинта ҷӯр мешаванд. Бинобар ин, меъёри овозии (диапазон) Рубоӣ 3 октаваро дар бар мегирад. Тори сеюм аз овози мутлақ як октава паст ҷӯр мешавад. Дар замони ҳозира Pубоби қашқарии хурде ихтироъ шудааст, ки онро рубоб-прима (пикколо) меноманд ва он дар оркестри созҳои халқӣ барои гуногунрангии овоз истифода мешавад. Меъёри умумии овозиаш аз «соль»-и октаваи хурд то «ми3»- ро дар бар мегирад. Дар оркестр чун , сози якканавозӣ низ истифода ме¬шавад.
Дигаре аз намуди Рубоб, ки дар бай¬ни мардуми тоҷику ӯзбек маъмул аст, ин Рубоби бадахшонӣ (тоҷикӣ) аст. Ин созро аз он ҷиҳат Рубоби бадахшонӣ меноманд, ки дар Бадахшони Афғонистон ба вуҷуд омада, тахминан дар асрҳои 17—18 дар дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Бухоро васеъ пақн гардид. Шояд бо мурури асрҳо ин соз дар асоси уд, ки тадриҷан аз байн рафтааст, ба миён омада бошад, чунки аз рӯи садодиҳӣ ва системаи пардавию торӣ ба уд шабоҳат дорад ва он даставвал дар байни мардуми тоҷикзабони Афғонистон маъмул гардид. Бинобар ии онро Рубоби тоҷикӣ низ мегуянд. Рубоби бадахшонӣ (тоҷи¬кӣ) дар гузашта чун сози якканаво¬зӣ бо ҳамовозии суруд истифода шуда, дар ансамблҳои созӣ нисбат ба садои дигар созҳо вазифаи садои бам (бас)-ро ба ӯҳда дошт. Ҳоло ҳам дар ансамбл ва оркестрҳо барои ширадории овози мусиқӣ онро чун садои бам истифода мебаранд. Косаи он нисбат ба косаи дигар Рубобҳо калонтар ва мурудшакл буда, ба тарафи даста тангтар мешавад. Дастааш кӯтоҳ (8—10 см) ва нӯги он ба қафо каме каҷ аст. Қутри ҷои васеи косааш ва чуқурии он 20—25 см аст.
Дарозии умумиаш 80 см. Мобайни коса аз ду паҳлу (аз бараш) ба тариқи камоп каме дарун даромада, ҳаҷми косаро ба ду қисм ҷудо мекунад. Қисми поёнӣ ва нисфи қисми болоиро бо пӯсти буз, гӯсфанд ва нисфи дигарашро, ки ба ҳисоби даста медарояд, ба тахтачаи тунук рӯпӯш мекунанд ва ба он хаспардаҳо мегузоранд. Рубоби бадахшонӣ 5 пардаи асосӣ ва 6—7 пардаи иловагӣ дорад. Пардаҳои асосӣ бештар бо торҳои синтетикӣ ё зеҳ баста ме¬шаванд. Солҳои охир пардаҳои филизӣ низ ба миён омадаанд. Торҳо асосан 5-то буда, синтетикӣ ё зеҳӣ мебошанд, илова бар онҳо боз 8—10 тори филизӣ кашида шудаанд, ки гӯшаки онҳо дар паҳлуи чапи қисми болоии коса ҷой гирифтаапд. Ҷӯри онҳо ба секунда (яъне пардавӣ) мувофиқат мекунад. Меъёри умумии ово¬зиаш ду октаваро дар бар мегирад. Ҳоло дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли рубобчизанон мавҷуд аст, ки бо ин соз ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар оркестри созҳои халқӣ ва ансамбли мазкур Рубоби бадахшонии хурд, яъне, прима низ истифода мешавад, ки барои ороиши овози оҳангӣ ба кор мебаранд. Намуди дигари Рубоб, ки сокинони Бадахшони советӣ кашф кардаанд, ба Рубоби қашқарӣ ва каме ба бадахшонӣ (тоҷикӣ) шабоҳат дорад. Онро Рубоби помирӣ номидаанд, ки монанди Рубоби қашқарӣ шох дошта (вале кӯтоҳ, рост), косааш каме калонтар ва дас¬тааш ғафстар аст. Онро аз чӯби яклухт месозанд. Дарозиаш баробар ва монанди Рубоби бадахшонӣ аз қисми дастааш каме кофта шуда, бо тахтачаи тунук рӯпӯш гардидааст.
Ба рӯи косааш пӯст кашида шуда ва на он қадар чуқур аст. Вай 3 тори (тори 1-ум ва 2-юм ҷуфтанд) ҷӯри квинтавӣ дошта, илова ба он як тори кӯтоҳи баландовоз (ҷарангосии борик) кашида шудааст. Дар Помир боз як намуди Рубоб маъмул аст, ки онро баландзиком ё баландмақом меноманд. Коса¬аш баробари косаи Рубоби помирӣ бу¬да, дастааш дарозтар аст ва 7 тор дорад. Ин гуна Рубобҳо танҳо дар Бадахшони советӣ ва ноҳияҳои наздики он паҳн гардидаанд.
Ад.: Касимов К., Очерки из исто¬рии музыкальной культуры. Маҷм.: Ис¬кусство Азербайджана, Баку, 1940; Выз г о Т. С., Музыкальные инструменты Сред¬ней Азии, М., 1980; Виноградов В.. Классические традиции иранской музы¬ки, М., 1982.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …