Маълумоти охирин

РУБОӢ

РУБОӢ (арабӣ — чоргона), яке аз жанрҳои шеъри лирикист иборат аз чор мисраъ (ду байт). Дар вазни ҳазоҷ (шаҷараи ахрам ва ахраб) навишта мешавад. Ҳамагӣ 24 вазни шеърӣ дар ин шаҷараҳо маълум аст, ки ба онҳо Рубоӣ эҷод мекунанд. Ин системаи вазнҳои Рубоиро Хоҷа Ҳасани Қаттои кашф кардааст. Аз ҷиҳати вазн Рубоӣ аз шаклқои шеърии дубайтӣ ва тарона (чормисраӣ) фарқ мекунад. Қофиябандии Рубоӣ асосан ба шакли а а б а аст. Баъзан қофияҳои аааа, аабб дучор меоянд. Дар Рубоӣ радиф, санъатҳои гуногуни шеърӣ истифода шуда, мазмуну мавзӯъҳои панду ахлоқи, ишқӣ, танқидӣ, фалсафӣ ва ғайра ба миён гузошта мешаванд. Баъзе Рубоиҳо сюжети муайянеро доро мебошанд. Аз оғози пайдоиш дар Рубоӣ сабки махсус, тарзи ифода, муҳокимаронӣ ва масъалагузорӣ ва композитсияи хосе таъин гардид. Ду мисраи аввал дар Рубоӣ экспозитсия, мисраъҳои баъдина хулоса ва муҳокимаву эзоқи фалса¬фию бадеии фикрӣ дар мисраъҳои аввала гуфташуда мебошанд (тезис — антитезис). Масалан:
Гар бар фалакам даст буди чун яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён..
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
Боз як хусусияти Рубоӣ он аст, ки ин жанри шеър бо мусиқӣ ва оҳанги робитаи мустаҳкам дорад. Чунин ба назар мерасад, ки он танҳо барои бо оҳанги мусиқӣ сурудан эҷод мешуд. Мувофиқи талаботи оҳангнокӣ Рубоӣ мебоист аз рӯи фосила даҳ овоз (нота)-и дарозро дар бар мегирифт. Ҳангоми ҷойгир шудани ин даҳ овози дароз дар таркиби руки мавқеъ на ҷои ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ (дар истилоҳи арӯз — ватад, сабаб, фоси¬ла) ба инобат гирифта намешуд; бо¬яд ҳар як руки ё бо як овози дароз (сабаби ҳафиф) ё ду овози кӯтоҳ (сабаби сақил) оғоз ёбад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …